Имрӯз қатораи баландсуръати «Ҷалолиддин Мангубердӣ» ба ҳаракати иловагӣ байни Тошканд ва Хива оғоз кард

Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мусофирон, имрӯз (22 июл) қатораи баландсуръати «Ҷалолиддин Мангубердӣ» ба ҳаракати қатораи дуюм дар масири Тошканд – Хива – Тошканд шурӯъ кард.

Қатора тибқи ҷадвали зерин ҳаракат хоҳад кард:
Тошканд → Хива — рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа;
Хива → Тошканд — рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе.
Вақти ҳаракат:
аз истгоҳи марказии роҳи оҳани Тошканд — соати 07:00;
аз истгоҳи роҳи оҳани Хива — соати 07:15.
Давомнокии сафар 7 соату 36 дақиқа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон № ПҚ-329 аз 10 октябри соли 2023, дар ҳамкорӣ бо Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Корея (KEXIM) харидории шаш қатораи баландсуръати барқии Hyundai Rotem пешбинӣ шудааст.
То имрӯз се қатораи муосири барқӣ ба Ӯзбекистон ворид гардидааст. Қатораи аввал аз 5 майи соли 2026 дар масири Тошканд – Хива – Тошканд ба ҳаракат оғоз кард. Қатораи дуюм бошад, аз 22 июли соли 2026 ба истифода дода мешавад, ки имкон медиҳад шумораи сафарҳо зиёд гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон боз ҳам беҳтар шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: