Олимон барои мушоҳидаи бархӯрди сунъии як мушаки кайҳонӣ бо Моҳ омодагӣ мебинанд

5 августи соли ҷорӣ олимон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ният доранд, ки як рӯйдоди нодири кайҳониро ба таври мустақим мушоҳида кунанд.

Тибқи ҳисобҳо, зинаи болоии истифодашудаи мушаки Falcon 9, ки ба ширкати SpaceX тааллуқ дорад, тақрибан соати 06:35 бо вақти ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ (UTC) ба сатҳи Моҳ бархӯрд хоҳад кард.
Ин зинаи мушак моҳи январи соли 2025 барои партоби дастгоҳҳои моҳпаймои Blue Ghost ва Hakuto-R Mission 2 истифода шуда буд. Пас аз анҷоми вазифаи асосӣ он дар мадори наздики Моҳ боқӣ монд. Ҳисобҳои баъдӣ нишон доданд, ки парвози он бо бархӯрд ба сатҳи Моҳ анҷом хоҳад ёфт, менависад Space.com.
Тибқи маълумоти пешакӣ, бархӯрд дар минтақаи кратери Эйнштейн, ки дар канори қисми аз Замин намоёни Моҳ ҷойгир аст, рух медиҳад. Ҷойи дақиқи бархӯрд ҳанӯз мушаххас карда мешавад. Олимон умед доранд, ки дурахши лаҳзаи бархӯрд ва ҳамчунин болоравии абри ғубори моҳиро сабт хоҳанд кард.
Ба гуфтаи мутахассисон, чунин ҳодисаҳо хеле кам рух медиҳанд ва барои илм аҳамияти бузург доранд. Мушоҳидаи онҳо имкон медиҳад, ки равандҳои ташаккули кратерҳои зарбавӣ, паҳншавии хок ва сангрезаҳои партофташуда, инчунин рафтори ғубори Моҳ дар шароити ҷозибаи суст беҳтар омӯхта шавад.
Маълумоти бадастомада барои омодасозии парвозҳои оянда ба Моҳ ва такмили усулҳои мушоҳидаи бархӯрдҳои кайҳонӣ низ муфид хоҳад буд.
Дар мушоҳидаи ин рӯйдод ҳам расадхонаҳои касбӣ ва ҳам ситорашиносони ҳаваскор иштирок хоҳанд кард. Агар шароити обу ҳаво мусоид бошад, телескопҳои заминӣ ва дастгоҳҳои кайҳонӣ, ки дар мадори Моҳ қарор доранд, метавонанд ин ҳодисаро сабт намоянд. Аз ҷумла, олимон ният доранд аз маълумоти дастгоҳи мадории амрикоии Lunar Reconnaissance Orbiter истифода баранд, ки метавонад аз макони эҳтимолии бархӯрд пеш ва баъд аз он аксбардорӣ кунад.
Ба гуфтаи олимон, ин ҳодиса имконияти нодире барои санҷиши усулҳои сабти бархӯрдҳо бо сатҳи Моҳ ва ба даст овардани маълумоти нав дар бораи хусусиятҳои сатҳи он фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки дидани дурахши бархӯрд аз рӯи Замин осон нахоҳад буд, зеро он ба ҷойи дақиқи бархӯрд, қувваи дурахш ва шароити мушоҳида вобаста аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: