Шаҳр танҳо маҷмӯи биноҳои баландошёна ва роҳҳои мумфарш нест. Рӯҳи шаҳрро пеш аз ҳама муҳити зист, фароғатгоҳҳо, фазои фарҳангӣ ва шароите муайян месозанд, ки инсон худро дар он озод, ором ва хушбахт эҳсос мекунад. Аз ҳамин нигоҳ, ҳар як иншооти иҷтимоие, ки ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум хидмат мекунад, арзиши бештар аз як сохтмони одӣ дорад.
Бунёди сайргоҳи замонавии «Соҳилбӯй» дар ҳудуди пайвасткунандаи шаҳри Навоӣ ва ноҳияи Кармана низ аз ҳамин қабил ташаббусҳо буда, он на танҳо симои меъмории шаҳрро дигаргун месозад, балки ба яке аз марказҳои муҳимми фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоии вилоят табдил хоҳад ёфт.
Имрӯз вилояти Навоӣ аз ҷумлаи минтақаҳое мебошад, ки дар он корҳои созандагиву ободонӣ бо суръати баланд идома доранд. Дар баробари рушди саноат, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, ба беҳтар намудани муҳити шаҳрсозӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рушди устувори шаҳр танҳо бо сохтмони корхонаҳо маҳдуд намешавад. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳити муносиби истироҳат, фароғат ва хидматрасонӣ низ нақши ҳалкунанда дорад.
Дар ҳамин замина, бунёди маҷмааи истироҳатии «Соҳилбӯй» яке аз лоиҳаҳои муҳимми солҳои охир ба шумор меравад. Ҳокими вилоят Нормат Турсунов зимни боздид аз майдони сохтмон ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланд, риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва суръат бахшидан ба корҳои кабудизоркунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дарозии умумии сайргоҳ қариб 2 километр буда, дар марҳилаи аввал сохтмон дар масоҳати 600 метр идома дорад. Айни замон корҳои зерсохторӣ, муҳандисӣ ва омодасозии ҳудуд ба анҷом расонида мешаванд. Пас аз анҷоми пурраи лоиҳа, «Соҳилбӯй» ба яке аз калонтарин ва муосиртарин маконҳои истироҳати аҳолӣ дар вилоят табдил хоҳад ёфт.
Дар доираи ин тарҳ бунёди китобхонаи замонавӣ, нуқтаҳои хидматрасонӣ, фуд-тракҳо, марказҳои савдо, гӯшаҳои махсус барои аксбардорӣ, таваққуфгоҳи васеъ, шабакаи интернети баландсуръати Wi-Fi, низоми равшанидиҳии шабона ва нишастгоҳҳои бароҳат пешбинӣ шудааст. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки лоиҳа на танҳо ба талаботи имрӯза, балки ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир мутобиқ гардонида шудааст.
Яке аз муҳимтарин паҳлуҳои ин лоиҳа таъсири иҷтимоиву иқтисодии он мебошад. Мувофиқи ҳисобҳо, баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани сайргоҳ тақрибан барои 120 нафар ҷавонон ва занону духтарон ҷойҳои кори доимӣ муҳайё мегардад. Илова бар ин, маҷмаа имкони хидматрасонӣ ба зиёда аз 3000 нафар сокинону меҳмононро дар як вақт фароҳам месозад. Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки «Соҳилбӯй» танҳо як макони фароғатӣ нест, балки қисми муҳими инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаҳои шаҳрсозии байналмилалӣ низ аҳамияти чунин лоиҳаҳоро тасдиқ мекунанд. Коршиносони шаҳрсозӣ бар ин назаранд, ки мавҷудияти фазоҳои ҷамъиятии босифат метавонад ҷолибияти шаҳрро барои сармоягузорон ва сайёҳон афзоиш дода, рушди соҳибкории хурд ва хидматрасониро суръат бахшад. Дар бисёр шаҳрҳои ҷаҳон маҳз чунин минтақаҳои фароғатӣ ба марказҳои фаъоли иқтисодӣ табдил ёфта, садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис додаанд.
Навоӣ низ имрӯз бо чунин рӯйкарди нав рушд мекунад. Дар солҳои охир дар вилоят даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳо ва марказҳои хидматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки сиёсати рушди вилоят танҳо ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ маҳдуд набуда, ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум низ равона шудааст.
Арзиши воқеии «Соҳилбӯй» маҳз дар ҳамин аст. Зеро ҳар як дарахти шинонидашуда, ҳар як чароғи равшанидиҳанда, ҳар як нишастгоҳи бароҳат ва ҳар як ҷойи нави корӣ сармоягузорӣ ба ояндаи шаҳр мебошад. Дар шароите, ки аҳолии шаҳрҳо сол то сол меафзояд ва талабот ба ҷойҳои фароғатӣ бештар мегардад, чунин иншоот ба яке аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста табдил меёбанд.
«Соҳилбӯй» фардо танҳо як сайргоҳ нахоҳад буд. Он ба рамзи симои нави Навоӣ, ба нишонаи сиёсати созандагӣ ва ба маконе мубаддал хоҳад шуд, ки дар он оилаҳо истироҳат мекунанд, ҷавонон имкони кор меёбанд, кӯдакон бозӣ мекунанд ва меҳмонон бо чеҳраи наву замонавии вилояти Навоӣ ошно мешаванд. Ҳамин аст, ки чунин тарҳҳо на танҳо имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ арзиши пойдор доранд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти Навоӣ.