Дар шаҳри Самарқанд боз як иншооти мӯҳташами фарҳангию фароғатӣ – боғи «Ватанпарвар» ба истифода супурда шуд.
Майдони фароғатгоҳ 7 гектар буда, барои кӯдакон ва наврасон аттраксионҳои замонавӣ бунёд шудаанд. Яке аз онҳо чархофалаки баландтарин дар Осиёи Марказӣ буда, 49 хоначаи худсохт қариб 300 нафарро ба баландии 92 метр мерасонад. Аз чунин баландӣ шаҳри Самарқандро тамошо кардан мумкин аст.
– Ба тӯй бо тӯёна рафтан анъанаҳои миллии мо мебошад, – дар маросими ифтитоҳи маҷмӯаи истироҳатии навбунёд иброз дошт ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, – то иди аз ҳама бузург ва муқаддас – 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз даҳҳо иншоотҳои гуногун ба истифодабарӣ супурда мешавад. Барои бунёди боғи «Ватанпарвар» 10 миллион доллар маблағ сарф шуд, ки дар як шабонарӯз қариб 1,5 ҳазор нафар метавонанд вақти худро хуш гузаронанд. Беш аз 150 нафар хидмати шоиста мерасонанд.
Воқеан дар ҳудуди истироҳатгоҳ нуқтаҳои фурӯши таомҳои миллӣ, павилонҳои яхмос ва ғайра мавҷуд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.
Суратгир: А. ИСРОИЛОВ (ӮзА).