Оқсув – Деҳқонобод: Роҳи умед ба сӯйи Бешқӯтон

Дар домани кӯҳи зебоманзараи Ҳисори вилояти Қашқадарё деҳае ҷойгир аст, ки номаш Бешқӯтон мебошад. Ин деҳа таърихи тӯлонӣ дорад, вале садҳо сол боз як дард – масъалаи оби нӯшокӣ қалби мардумро ором намегузорад.

Ҳарчанд деҳа дар паноҳи кӯҳи Ҳисор ҷойгир аст, аз сабаби ҷуғрофӣ дарёҳо гирди онро давр зада, ба худи деҳа намерезад. Солҳои охир аҳолӣ маҷбур буд, ки оби нӯшокиро тавассути мошинҳои махсуси обкашон бо пул харида, дар ҳавлии худ дар ҳавзҳои махсус нигоҳ доранд. Ин ҳолат барои мардум ноқулайии ҷиддӣ ба вуҷуд меовард, ҳар қатра об, ки барои дигарон осон дастрас аст, барои сокинони Бешқӯтон меҳнати зиёдеро талаб мекард.

Ин мушкилот на танҳо ба деҳаи Бешқӯтон, балки ба даҳҳо деҳаи дигари ноҳия низ вобаста буд. Дар воқеъ, масъалаи оби нӯшокӣ ва умуман таъмини об яке аз нуқтаҳои дардноки на танҳо ноҳия, балки тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз соли 2018 бо ташаббуси фаъолони ноҳия бо Президенти мамлакат муроҷиатҳо карда шуданд ва бо ташаббуси роҳбари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои бартараф кардани ин мушкилот чораҳо андешида шуданд. Дар натиҷа лоиҳаи «Оқсув – Деҳқонобод» пешниҳод карда шуд, ки тибқи он аз кӯҳи Ҳисор дар масофаи садҳо километр тавассути қубур об ба ноҳия оварда мешавад.

Ҳамин тавр, орзуи қадимаи мардуми Бешқӯтон ва даҳҳо деҳаи дигари ноҳияи Деҳқонобод оҳиста-оҳиста ба воқеият бадал хоҳад шуд.

Маҳалли Бешқӯтон имрӯз 7 деҳаро дар бар мегирад, ки дар онҳо 542 хонадон, 684 оила ва ҷамъан 2 ҳазору 698 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб мардум дар солҳои охир оби нӯшокиро бо арзиши гарон харида, орзуи як қатра оби тозаро дар дил мепарваронданд.

Соли 2025 бо иштирок дар лоиҳаи «Ochiq byudjet» аз ҷониби раиси маҳалла Шодибек Беккамов пешниҳод шуда буд, ки тибқи нақшаи давлатӣ дар доираи ин лоиҳа аз майдонҳои заминҳои холӣ бо самаранокии баланд истифода бурда шавад. Бо ҳамин ташаббус маҳалла дар озмун ғолиб эълон гардид, аммо мутахассисони «Гидрогеология» бо сабаби вазъи ҷуғрофии минтақа манбаи оби артезиании пешниҳодшударо кофӣ надонистанд ва лоиҳа рад карда шуд.
Лоиҳаи об дар доираи «Ochiq byudjet» боз пирӯз шуд, вале иҷрои он якчанд моҳ қафо монд. Бо ташаббуси ҳокими ноҳия Шерзод Шокиров ва пас аз муроҷиатҳои пайдарпайи аҳолӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ соли 2026 сохтмони қубури оби «Оқсув – Деҳқонобод» оғоз ёфт.

Об аз қубурҳо ба деҳот омад ва имрӯз дар деҳаҳои Бешқӯтон, Сангмӯла, Бибиширин, Тошқоқ, Мачит оби тоза ҷорӣ гардидааст. Дар ҳар деҳа як нуқтаи бардошти об бунёд карда шудааст ва дар оянда бошад, ба ҳар як хонадон қубурҳои махсус кашида хоҳанд шуд.

Чуноне ки зикр шуд, масъалаи об барои мардуми ин маҳалҳо дарди таърихии аҷдод буд.

Лоиҳаи «Оқсув – Деҳқонобод», ки ба беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Деҳқонобод равона шудааст, соли 2021 оғоз гардида буд. Тибқи нақша, дар маҷмӯъ 78 километр қубури оби нӯшокӣ ва иншооти ҷамъоварии об бо иқтидори 10 ҳазору 800 метри мукааб дар як шабонарӯз бунёд карда мешавад.

Лоиҳа инчунин сохтани 310 километр шабакаҳои дохилии об, ду ҳавзи нигоҳдории об бо иқтидори 500 метри мукааб ва 16 иншооти тақсимоти обро дарбар мегирад. Дар натиҷа 78 фоизи аҳолии ноҳия, яъне зиёда аз 112 ҳазору 800 нафар сокинон, 116 деҳа бори аввал ба оби нӯшокии тоза дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ин лоиҳа на танҳо як иншооти инфрасохторӣ, балки рамзи умеди мардуми Деҳқонобод аст, ки садсолаҳо интизори ин рӯз буданд. Обе, ки рӯзе тавассути мошинҳои обкашон бо пул харида мешуд, имрӯз худ ба сӯйи хонаҳои онҳо роҳ мекушояд.

Ин на танҳо ғалабаи муҳандисӣ, балки ғалабаи сабру матонати мардуми ин воҳа аст.

 

Салоҳиддин

 ҶАҲОНГИРЗОДА.

Ноҳияи Деҳқонободи

вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: