Вазифаҳои бартаринок оид ба таъмини тараққиёти босуръати иқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқ муайян гардиданд

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба муҳокимаи дастовардҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ доир ба натиҷаҳои таъмини суръати афзоиш дар минтақаҳо ва соҳаҳо, инчунин вазифаҳои бартаринок ба давраи то охири сол баргузор гардид.

Аз аввали сол иқтисодиёти мамлакатамон 8,5 фоиз афзуд. Дар саноат инкишоф ба дараҷаи 8 фоиз таъмин гардид, дар соҳаи хидматрасонӣ 16,9 фоиз, сохтмон 13,8 фоиз, хоҷагии қишлоқ 4,7 фоиз афзуд. Ҳаҷми сармоя ба 28 миллиард доллар, содирот ба 14,4 миллиард доллар расид. Агентиҳои байналхалқии рейтинги “Fitch” ва “Moody’s” кредити озоди рейтинги Ӯзбекистонро баланд бардоштанд. Ҳамзамон, тавре ки роҳбари давлат таъкид кард, барои беҳсозии сифати ҳаёти аҳолии чилмиллионнафараи мамлакат бояд инкишофи 9-10 фоизаи иқтисодиёт таъмин карда шавад. Ишора шуд, ки барои ин роҳбарони минтақаҳо ва соҳаҳо имконоти мавҷударо бояд пурра роҳандозӣ намоянд ва натиҷаҳои дақиқро бинобар ҳар лоиҳа ва ҳар як корхона ба даст оранд.

Дар ҷамъомад иҷрои нақшаи шашмоҳа аз ҷониби роҳбарони минтақаҳо ва соҳаҳо дар рӯҳи танқид таҳлил гардид. Таъкид шуд, ки дар баъзе минтақаҳо захираҳои мавҷуда ба таври пурра барои таъмини инкишофи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, ҳаҷми сохтмон, сармоягузорӣ, истеҳсоли саноатӣ ва содирот ба кор андохта нашудааст. Дар бораи пурзӯр намудани масъулият нисбати роҳбароне, ки иҷрои нақшаҳои моҳона, семоҳа ва солонаро таъмин накардаанд, қарор қабул гардид.

Тавре ки роҳбари давлат таъкид намуд, агар кори ҳар як вазир ва ҳоким дар ҳаёти рӯзмарраи одамон эҳсос нагардад ва кори соҳибкоронро осон нагардонад, ҳар гуна натиҷаҳои ноилгардида танҳо дар коғаз ҳамчун рақам боқӣ мемонад. Бинобар ин дар асоси бархӯрди ҷиддан нав кор дар маҳалҳо оид ба рушди зерсохтор, таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва боло бурдани даромади аҳолӣ ташкил карда мешавад.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои ташкили фаъолияти “ҳафтгонаи маҳалла” дар асоси нав эътибори махсус нигаронда шуд. Дар ин самт “чилрӯзаи зарбдор” эълон гардид, кор дар бобати татбиқи низоми нав дар ду ҳазор маҳалла, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, шурӯъ гардид. Ҳокимон барои ҳалли саривақтии масъалаҳо дар ин маҳаллаҳо, ки бо таъмини электр, газ, роҳ ва об иртибот доранд, шахсан ҷавобгар ҳастанд.

Мақомоти шуғли аҳолӣ дар ҳар як минтақа доир ба таълими шаҳрвандони муҳтоҷ, бо кор таъмин намудани онҳо ва  баланд бардоштани даромадашон кори манзилнок мебаранд. Қарор гардид, ки фаъолияти бонкҳо ва идораи Ассотсиатсияи маҳаллаҳо таҷдиди назар мегардад. Се моҳи оянда барои онҳо давраи аттестатсияи амалӣ хоҳад гардид. Вазифаҳои дақиқ оид ба таъмини ободонӣ ва шинамгардонии маҳаллаҳо ва инчунин баланд бардоштани маданияти маишии аҳолӣ гузошта шуд.

Инчунин масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии муҳити корӣ муҳокима гардиданд. Таъкид ёфт, ки ҳоло ҳозир 51 вазорат ва идора соҳиби ваколатҳои гузоштани санксияҳои молиявӣ аз рӯйи 322 самт ҳастанд, солҳои 2024-2026 ҳаҷми умумии ҷаримагузорӣ қариб 3 триллион сӯмро ташкил намуд. Президенти мамлакат таъкид кард, ки мақомоти назораткунанда пеш аз ҳама бояд ба соҳибкорон имконият диҳанд ва роҳи дуруст нишон диҳанд.

Таъкид шуд, ки дар шароити пурзӯр гардидани рақобат дар бозорҳои берун барои содиркунандагон теъдоди пардохтҳо, ҷамъовариҳо ва харҷҳои зиёдатӣ кам карда шавад. Ба тамоми вазорат ва идораҳо супурда шуд, ки пешниҳодотро оид ба кам кардани тартиботи бюрократӣ, ҷарима, пардохт ва ҷамъовариҳо ва инчунин минбаъд беҳсозии фазои корӣ тақдим намояд.

Инчунин нишондодҳои истеҳсол ва содироти саноатӣ дар рӯҳи танқид таҳлил гардид. Таъкид шуд, ки дар чандин ноҳия ва шаҳрҳо суръати инкишофи саноатӣ суст гардид, дар соҳаи содирот бошад, ба натиҷаҳои интизорӣ ноил нагардид. Ба Сарвазир баррасии фаъолияти ҳокимоне, ки ба натиҷа ноил нагаштаанд ва дар сурати адами тағйироти мусбӣ бинобар натиҷаи нӯҳ моҳ супурда шуд, ки ба роҳбарони масъул чораҳои ҷиддӣ андешад.

Ба он ишора гардид, ки дар натиҷаи таҳлили харҷи корхонаҳои стратегӣ, дар чандин корхонаи бузург боло рафтани  қимати арзиши аслии маҳсулот ифшо гардид. Дараҷаи баланди талаф дар сектори энергетикӣ ва ногузирии баланд бардоштани самаранокии тақсимоти электроэнергия ва гази табиӣ таъкид гардид. Вазифаҳо оид ба афзудани нархи бозории ширкатҳои калон, омодагӣ ба баргузории IPO ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоявии онҳо гузошта шуданд.

Агарчи аз аввали сол воридоти андоз 27 фоиз зиёд гардида, аз 130 триллион сӯм гузашт, он чиз зери танқид қарор гирифт, ки нақшаи солона доир ба таъмини воридоти иловагӣ дар дараҷаи бояду шояд иҷро нагардид.

Инчунин вазифаҳои муҳим оид ба барқарорсозӣ ва хусусигардонии истеҳсолот муайян гардиданд. Таъкид шуд, ки ба сабаби рукуди чандин корхонаи соҳаи бофандагӣ имконоти истеҳсоли маҳсулот ба миқдори 5 триллион сӯм ва таъмини содирот ба миқдори 400 миллион доллар аз даст меравад. Инчунин аз аввали сол кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот ба 11 триллион сӯм аз ҷониби 57 корхонаи соҳавӣ ва 76 корхонаи минтақавӣ зери  танқид гирифта шуд.

Ба шахсони масъул супурда шуд, ки фаъолияти ҳар як корхонаи аз кор монда бо диққат таҳлил гардида, кори онҳо дубора барқарор карда шавад. Ғайр аз ин, дар доираи барномаи нави хусусигардонӣ ба савдо гузоштани объектҳои ғайриманқул, қитъаҳои замин ва саҳмҳои давлатӣ ба қимати умумии 100 триллион сӯм пешбинӣ мегардад ва ҳамчунин шартҳои пардохтро барои соҳибкороне, ки амволи давлатиро харид менамоянд, нарм карда шавад.

Сарфи назар аз он ки дар се соли охир 509 иқтидори истеҳсолии ба содирот пешбинишуда ба қимати умумии 11 миллиард доллар ба баҳрабардорӣ супурда шудааст, 208-тои он то ҳанӯз ба бозорҳои хориҷӣ набаромадаанд. Агар ба содирот ақаллан 30-40 фоизи маҳсулоти ин корхонаҳоро равона намоем, имкони таъмини воридоти асъори иловагӣ дар ҳаҷми 1,5-2 миллиард доллар мегардад.

Он чиз низ зери танқид гирифта шуд, ки аз аввали сол аз 47 минтақаи махсуси иқтисодӣ, дар 29-тоаш ягон амалиёти содиротӣ ба вуқӯъ напайвастааст. Ба шахсони масъул супурда шуд, ки “бригадаҳои таъҷилӣ” ташкил намуда, масъалаҳое, ки бо сертификатсияи таъмини маблағҳои гардишӣ, ҷустуҷӯйи бозори фурӯш ва логистика дар корхонаҳо ва минтақаҳои иқтисодие, ки ба содирот набаромадаанд, иртибот доранд, зуд ҳал кунанд. Инчунин вазифаҳо оид ба дастгирии брендҳои миллӣ муайян гардиданд. Дар ду соли охир ба ин мақсадҳо 15,5 миллиард сӯм равона гаштааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки сеяки корхонаҳои ватание, ки брендҳои худро сабти ном кардаанд, то ҳанӯз ба бозорҳои хориҷӣ набаромадаанд. Бинобар ин барнома оид ба пешбурди брендҳои миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ, ҳимояи онҳо аз демпинг ва маҳсулоти сохта таҳия хоҳад гардид.

Таъкид шуд, ки 70 фоизи моли савдои хориҷӣ бо нақлиёти роҳи оҳан бурда мешавад, аммо нисбати он шикоятҳои зиёд аз соҳибкорон мерасанд. Бо иллати нарасидани вагонҳои боркашонӣ ва сарбории зиёди баъзе хатҳои роҳи оҳан машаққатҳои логистикӣ ба вуҷуд меоянд.

Ба шахсони масъул  ҷалб намудани вагонҳои иловагӣ ва  инчунин ноил гардидан ба шартнома бо Бонки ҷаҳонӣ дар заминаи ҷалби 200 миллион доллар барои рушди зерсохтори роҳи оҳан супориш дода шуд. Инчунин ҷараёни татбиқи шартномаҳое, ки дар доираи ташрифоти дараҷаи олӣ ба даст омадаанд, баррасӣ гардид. Дар солҳои охир зимни 52 чунин ташриф дар бобати татбиқи 1617 лоиҳаи сармоягузорӣ ба қимати умумии 213 миллиард доллар ба даст омадааст. Аз ин пас иҷрои ин “харитаҳои роҳ” зери назорати ҷиддии Палатаи ҳисобу китоб ва Вазорати корҳои хориҷӣ қарор мегирад.

Ба Сарвазир супурда шуд, ки ҳар ҳафта якҷоя бо роҳбарони соҳаҳо, ҳокимон ва сафирон ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои дар қисмати давлатҳо баррасӣ намояд. Дар назди Маъмурияти Президент вазифаҳои таҷдиди назари фаъолияти намояндагии дипломатӣ дар соҳаи дипломатияи иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва рушди содирот ва ҳамчунин тавсияи кадрҳои ҷавон ва замонавӣ ба ҷойи роҳбароне, ки вазифаҳои худро ӯҳда карда наметавонанд, гузошта шуданд.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои боздоштани инфлятсия ва таъмини бехатарии озуқаворӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз ӯҳдадорие, ки қаблан ҳокимони вилоятӣ ба зимма гирифта буданд, боздоштани инфлятсия дар дараҷаи на баландтар аз 3 фоиз дар зарфи моҳҳои январ-июн, дар аксарияти минтақаҳо ин вазифа иҷро нагардид. Гуфта шуд, ки бинобар боло рафтани нархи гӯшт барои сарпур намудани харҷи бо ҳавопаймо овардани гӯшти воридотӣ 300 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.

Таъкид шуд, ки натиҷаҳои ба рӯйхат гирифтани хоҷагии қишлоқ имкон дод, ки вазъияти кор дар чорводорӣ ба тариқи холисона муайян карда шавад. Барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаи чорводорӣ барилова маблағи молиявӣ ҷудо карда мешавад. То охири сол ворид намудани 100 ҳазор сар ҳайвоноти калони шохдор ва 150 ҳазор сар гӯсфанд ва буз вазифа гузошта шуд.

Инчунин чорабиниҳои мушаххас бобати ташаккул додани захираи маҳсулоти меваву сабзавот ва картошка, сохтмони анборҳои яхдон ва захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд. То охири сол вазифа гузошта шуд, ки 340 анбори яхдон ба иқтидори умумии нигоҳ доштани  87 ҳазор тонна ба баҳрабардорӣ супурда шавад.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳеч кас пешакӣ гуфта наметавонад, ки дар иқтисодиёти ҷаҳон беқарорӣ то кай идома хоҳад кард. Суст гардидани фаъолияти иқтисодӣ дар мамлакатҳои асосии шарик метавонад ба фаъолияти корхонаҳои ватанӣ, пеш аз ҳама содиркунандагон, таъсир расонад.

Бинобар ин, таъкид шуд, ки тамоми роҳбарон барои сафарбар намудани захираҳои мавҷуда бо назардошти ҳама гуна таваккулҳои имконпазир омода бошанд. Якҷоя бо “марказҳои мағз”, ки ба соҳаҳо ва минтақаҳо вобаста карда шудаанд, то 15 август пешниҳодоти илман асоснок омода хоҳанд шуд. Ин пешниҳодот ба рушди маҷмӯии тамоми занҷирҳои “захира – зерсохтор – лоиҳа – истеҳсолот – воридот ба буҷет – содирот” равона карда мешавад. Андозаҳои макроиқтисодӣ, буҷет ва барномаҳои сармоягузорӣ ва содирот барои соли 2027 дар асоси бархӯрди нав – “сенарияи сафарбарсозӣ” таҳия хоҳанд гардид. Дар ҷамъомад ҳисоботи вазирон, роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимон, нақшаҳои онҳо доир ба ташкили иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар маҳалҳо шунида шуданд

 

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: