Ману Пайванди Гулмуродзода панҷ сол дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамроҳ таҳсил кардем. Равоншод сардори гурӯҳи мо буд ва тӯли ин муддат ҳамчун бародар будем. Вай яке аз аълохонҳо маҳсуб меёфт.
Пас аз солҳои тӯлонӣ рӯзе телефон занг зад ва аз он тарафи гӯшӣ овози Пайванди Гулмурод шунида шуд. Дарҳол дар куҷо буданашро пурсидам ва вайро дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон машғули ҷустуҷӯву таҳқиқот дарёфтам.
– Ба ин ҷо барои чанд рӯз омадам ва хостам аз фурсат истифода кунаму шуморо ҳам бинам, – гуфт Пайванд.
– Аз дидани шумо низ хеле хушҳол шудам. Охир мо солҳои дароз ҳамдигарро надидем, – гуфтам дар навбати худ ва чанд лаҳза аз кору фаъолияту зиндагии худ вайро огоҳ кардам.
Ҳамон шаб барои ману Пайванд шаби ёдоварӣ аз солҳои тиллоии донишҷӯӣ, мавсими пахтачиниҳо, баъди хатми донишгоҳ киҳо дар Душанбешаҳр мондаанд ва амсоли он буд.
Ростӣ, вақте ки солҳои навадум вазъи Тоҷикистон рӯ ба бесару сомониҳо ва ташаннуҷ оварда буд, ман ҳамеша дар фикру хаёли он будам, ки ҳамкурсонам дар чӣ ҳолу вазъ қарор дошта бошанд.
– Худоро шукр, ки бо азму талоши роҳбари хирадманди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо аз бумбаст берун шудем ва сулҳу субот дар кишварамон барқарор гардид, – гуфта буд Пайванд.
Ба афзудаи ӯ вазъи босуботи мамлакати тоҷикон мунҷар ба он шудааст, ки ҳар кас аз пайи кору зиндагии ороми худ шавад. Вай низ ба таҳқиқу пажӯҳиш машғул аст, то кори докториашро ба фарҷом расонад.
– Камтари дигар мондааст, ки рисолаамро тамом кунам. Баъди дифоъи рисола ба навиштани китобе шурӯъ хоҳам кард, ки давраҳои гуногуни ҳаётамро мавриди бозтоб қарор хоҳад дод, – гуфта буд вай.
Аз он болидам, ки бо азму талошҳои пайиҳами Пайванди Гулмуродзода ва ҳамсафони дигари ӯ 11 март, яъне рӯзи чопи шумораи нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф» ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик» эълон шудааст.
Ҳарду то поси шаб суҳбат кардем. Субҳ баъди ношито ӯро ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон расонидам.
– Дигар шуморо нороҳат намекунам. Ман то нимаи рӯз машғули кор мешавам ва баъд бармегардам. Худо кунад, ки боз ба дидору мулоқоти ҳамдигар расем. Аммо ин бор шуморо дар Душанбе – ҳамон шаҳри ҷавониҳои мо истиқбол хоҳам гирифт, – гуфт бо назокати хос ҳамкурсам.
Ноилоҷ хайрухуш кардем. Аммо аз куҷо донам, ки рӯзе марг Пайванди Гулмуродзодаи моро ба вартаи худ мекашад ва ҳанӯз корҳои зиёди ӯ нотамом мемонанду то имрӯз – 70-солагии худ намерасад.
Шунида будам, ки қариб 15 нафар ҳамкурсонамон бо сабабҳои гуногун фавтидаанд, аммо шунидани хабари марги Пайванд маро хеле дилгиру рӯҳафтода кард.
Вай танҳо 57 сол умр дид, вале дар ин муддат тавонист, ки чи дар ҷанбаи таҳқиқу пажӯҳиш ва чи дар самти тарбияи шогирдони зиёди журналист, тарҷумон ва монанди он заҳмат кашад ва номи худро дар таърихи журналистикаи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт кунад. Дар ҳолномаи ӯ омадааст, ки фаъолияташро дар Саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир шурӯъ намудааст ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Гулмуродзода дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули публитсистикаи шӯравии тоҷик (1917-1929)» ҳимоя кардааст. Баъд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввал чун муаллими калон, аз соли 1991 ба ҳайси дотсенти кафедраи «Журналистика ва адабиёти халқҳои шӯравӣ» (ҳоло «Матбуот») фаъолияташро идома додааст.
Соли 1997 нашрияи таълимии факултети журналистикаи ДМТ «Қалам» ва баҳори ҳамон сол фаслномаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Гули мурод»-ро таъсис додааст. Вай ҳамчун муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи бистуми тоҷик эътироф гардидааст. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хосаро касб намудаанд.
Ӯ узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои хидматҳояш дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг ва журналистика бо чандин ифтихорномаву медалу нишонҳо сарфароз гардидааст. Аз ҷумла, барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон», медали «Хидмати шоиста» ва як қатор ифтихорномаҳо мебошад. Гузашта аз ин, ӯро ба ҳайси муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ низ мешиносанд.
Пайванди Гулмуродзода ифтихори ҳамешагии мо – ҳамкурсону ҳамсабақонаш мебошад. Осори илмии ӯ барои наслҳои зиёд ба сифати манбаъи муҳими илму маърифат хидмат хоҳанд кард.
Мирасрори ФАРҒОНӢ,
шаҳри ТОШКАНД.