Лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Навоӣ ба анҷом мерасад

Лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёди дастгоҳи сеюми буғию газӣ бо иқтидори 650 МВт дар «Неругоҳи барқии гармии Навоӣ» дар арафаи анҷомёбист.

Лоиҳаи мазкур, ки бо маблағгузории JICA амалӣ гардид, ба маблағи 786,7 миллион доллари ИМА арзёбӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, як иншооти муосири энергетикӣ сохта шуда, дар як сол 4 миллиарду 786 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳад кард.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки пас аз ба истифода додани дастгоҳи нави буғию газӣ, дар як сол тақрибан 870 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа мешавад.
Айни замон ҳазорон мутахассисони маҳаллӣ дар корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок доранд. Барои татбиқи лоиҳа мутахассисони ширкатҳои Ҷопон ва Туркия бо кадрҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Қарор аст корҳои сохтмон ва васлкунӣ то охири соли ҷорӣ анҷом ёфта, иншоот ба истифода дода шавад.
Дар сурат: лаҳзае аз корҳои сохтмон ва васлкунӣ.

Суратгир: С. Аслонов. (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: