Оғози сохтмони шоҳроҳи нави Тошканд – Самарқанд: қадами муҳим дар рушди низоми нақлиётии кишвар

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози сохтмони шоҳроҳи нави Тошканд – Самарқанд, ки дар ноҳияи Ӯрта Чирчиқ баргузор гардид, иштирок намуд.

Сарвари давлат зимни суханронии худ таъкид кард, ки дар солҳои охир иқтисодиёти кишвар се баробар афзоиш ёфта, тибқи дурнамо то соли 2030 ҳаҷми он ба 240 миллиард доллар мерасад. Ба гуфтаи ӯ, рушди босуръати иқтисодӣ тақозо мекунад, ки зерсохтори нақлиётӣ ва логистикӣ низ мутобиқ ба талаботи замон такмил дода шавад.
Қайд гардид, ки имрӯз аз қаламрави Ӯзбекистон беш аз 4 ҳазор километр роҳҳои транзитии дорои аҳамияти байналмилалӣ мегузаранд. Дар айни замон тақрибан 30 дарсади роҳҳои байналмилалӣ бо иқтидори пурра фаъолият дошта, 25 дарсади дигар аз меъёри пешбинишуда бештар истифода мешаванд.
Президент изҳор дошт, ки пас аз ба истифода дода шудани роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ва долони роҳи оҳани Трансафғонӣ, Ӯзбекистон ба яке аз муҳимтарин масирҳои кӯтоҳи заминӣ байни уқёнуси Ором ва Аврупо табдил хоҳад ёфт. Ҳамзамон, кишвар ба воситаи бандарҳои Покистон ба уқёнуси Ҳинд ва бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки қариб ду миллиард аҳолӣ доранд, дастрасии мустақим пайдо мекунад.
Тибқи ҳисобҳо, дар сурати ҳамасола қабули 15–20 миллион тонна бори иловагии транзитии байналмилалӣ, кишвар метавонад аз ин ҳисоб 400–600 миллион доллар даромад ба даст оварад. Илова бар ин, ҷалби тақрибан 3 миллиард доллар сармоя барои бунёди марказҳои логистикӣ ва терминалҳо ва таъсиси ҳадди ақал 50 ҳазор ҷойи кори доимӣ замина фароҳам меорад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: