Шоҳроҳи нави Тошканд – Самарқанд фаъолияти иқтисодиро дар минтақаҳо ба марҳилаи нав мебарорад

Тибқи таҳлили Бонки ҷаҳонӣ, ҳар як долларе, ки ба чунин лоиҳаҳо сармоягузорӣ мешавад, метавонад то панҷ баробар ба иқтисодиёт бозгардонад.

Ин шоҳроҳи нав боиси афзоиши 3-фоизаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқанд хоҳад шуд. Барои 13 ноҳияи аҳолиашон беш аз 2 миллион нафар, ки роҳ аз ҳудуди онҳо мегузарад, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва манбаъҳои нави даромад фароҳам мегардад.
Дар канори шоҳроҳ марказҳои логистикӣ, анборҳо, корхонаҳои саноатӣ ва агросаноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва иншооти сайёҳӣ бунёд хоҳанд шуд. Ҳангоми сохтмон аз хизматрасониҳо ва масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ васеъ истифода бурда мешавад, ки барои соҳибкорон фармоишҳои бузург ва имкониятҳои нави истеҳсолиро фароҳам меорад.
Президенти мамлакат инчунин таъкид намуд, ки сохтмони роҳи Хива – Урганч оғоз гардидааст, тендери байналмилалӣ оид ба роҳи Тошканд – Андиҷон дар арафаи анҷомёбист ва корҳои тарҳрезии роҳи пайвасткунандаи Тошканд бо Бӯстонлиқ низ ба анҷом расида истодаанд.

– Мо имрӯз дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватанамон барои ояндаи кишвар, суботи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум боз як пояи мустаҳкам мегузорем, – гуфт Президенти мамлакат ва бо гузоштани капсула ба сохтмони шоҳроҳи нав расман оғоз бахшид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: