«Ӯзбекистони Навро бо ҷавонон бунёд мекунем» гуфтаанд Президентамон.
Бо саъю кӯшиши сарвари давлат дар ноҳияи Сӯх оромгоҳи бачагонае қад рост кард, ки масоҳати 4,9 гектарро дар бар гирифтаву аз рӯи нақша сохта шудааст ва аз ҳар ҷиҳат дорои шароити мукаммал аст.
Ин маркази маданӣ-маърифатӣ ва солимгардонӣ ба 180 нафар бачагон хидмат мекунад. Дар оромгоҳ давоми сол зиёда аз ҳазор нафар бачагон вақти хешро пурмазмун гузаронида, ба соли хониш бо рӯҳияи баланд қадам мегузоранд.
Роҳбари оқилу доно ва чашмикордон Таваккал Эркаев ба ин макони истироҳативу таълимӣ мутахассисони соҳибмалакаро ҷалб намудааст, ки ҳар яке дар адои вазифаи хеш аз сидқ меҳнат мекунанд. Ҷонишини директор Бунёд Шоматов дар ташкили тадбиру шабнишиниҳо саҳми арзандае дорад.
Дар оромгоҳ мавзӯъҳои гуногун шабнишиниҳо ба роҳ монда мешавад.
Инчунин маҳфилҳо оиди касбу ҳунар, фанҳои ҷудогона, варзиш, забономӯзӣ амал мекунанд. Ғамхории сарвари давлатро нисбати хонандагони аълохон, оилаҳои камбизоат алоҳида бояд қайд кард, ки барояшон имтиёзҳо ҷудо шуда, аз ҳисоби давлат пардохт мешаванд.
Истироҳати пурмазмун, хӯроки болаззат, шароити хуб на танҳо ба ҷавонони ноҳия, балки ба наврасони берунмарзӣ низ оғӯши хешро боз кардааст.
Миннатдории хешро ба Президент, мутасаддиёни ин соҳа, ба маъмурияти оромгоҳ ва ходимоне, ки барои мо – ҷавонон ин қадар эътибор додаанд, баён мекунем, ки дар як қабул наздик ба 86 нафар хидмати беминнати ройгон намуданд.
Мо – ҷавонон дар бунёди Ӯзбекистони Нав ба ҳар талабу даъвати Сарвари кишвар ҳозирем.
Меҳрнози Муллораҳмон,
хонандаи мактаби
рақами 4-уми ноҳияи Сӯх.
Вилояти Фарғона.