Олимон технологияи нави ҷустуҷӯи антибиотикҳои насли навро таҳия карданд

Олимони Русия низоми нави озмоиширо таҳия намуданд, ки ҷустуҷӯи антибиотикҳои насли навро суръат бахшида, барои муайян кардани моддаҳои муассир бар зидди бактерияҳои ба доруҳо тобовар имконият фароҳам меорад.

Тибқи иттилоъ, муҳаққиқони Донишкадаи илм ва технологияҳои «Сколтех» ва як қатор марказҳои илмӣ низоми такмилёфтаеро барои ҷустуҷӯи антибиотикҳо таҳия кардаанд. Ин усул имкон медиҳад, ки моддаҳое, ки синтези РНК-ро дар бактерияҳои хатарноки грамм-манфӣ, аз ҷумла Pseudomonas aeruginosa (чӯбчаи кабуди фасодзо), халалдор мекунанд, зуд муайян карда шаванд.
Бартарии асосии технологияи нав дар он аст, ки он на танҳо пайвастагиҳои ояндадорро интихоб мекунад, балки механизми таъсири онҳоро низ муайян месозад. Ба гуфтаи роҳбари илмии таҳқиқот, омӯзгори калони Маркази технологияҳои био ва тиббии «Сколтех» Дмитрий Лукянов, донистани механизми таъсири модда имкон медиҳад, ки фаъолияти он амиқ омӯхта шуда, дар ҳолати зарурӣ сохтори кимиёвии он такмил дода шавад.
Муаллифи аввали таҳқиқот, биолог Антон Иззи, тавзеҳ дод, ки низоми нави репортёрӣ метавонад муайян созад, ки антибиотик ба кадом раванд таъсир мерасонад. Агар он фаъолияти рибосомаҳо, синтези ДНК ё РНК-ро халалдор кунад, система инро фавран ошкор мекунад.
Технологияи нав бар асоси штамми лаборатории чӯбчаи рӯда (Escherichia coli) сохта шудааст. Ҳангоми вайрон шудани синтези РНК генҳои махсус фаъол гардида, олимон ин тағйиротро бо истифода аз озмоиши ПТР назорат мекунанд.
Ба андешаи муҳаққиқон, ин усул марҳилаи ибтидоии таҳияи антибиотикҳои навро ба таври назаррас суръат мебахшад. Пештар барои чунин таҳқиқот таҳлили сохтори молекулаҳо, пешгӯии шаклҳои эҳтимолӣ ва гузаронидани озмоишҳои иловагӣ зарур буд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки истифодаи тӯлонӣ ва беназорати антибиотикҳо боиси афзоиши тобоварии бактерияҳо ба доруҳо шудааст. Дар солҳои охир микроорганизмҳое чун чӯбчаи кабуди фасодзо ва стафилококки тиллоранг ба бисёр антибиотикҳо муқовимат пайдо кардаанд.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар як маҷаллаи байналмилалии илмӣ нашр гардидааст. Дар ин бора Kazinform хабар додааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: