Дар Тошканд се шаҳрванди Украина бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд

Дар шаҳри Тошканд се шаҳрванди Украина, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар мешаванд, боздошт гардиданд. Дар ин бора Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

Бино ба маълумот, шаҳрвандони Украинаи 31, 28 ва 25-сола, ки 12 июни соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон ворид шудаанд, дар ду манзили муваққатии худ дар ноҳияи Яшнободи пойтахт бо ҳузури шоҳидон мавриди кофтукоб қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни амалиёти тафтишотӣ муайян карда шуд, ки онҳо барои паҳн намудани маводи мухаддир бо усули «закладка» дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Тошканд бастаҳои хурди маводи нашъадорро омода кардаанд.
Тафтишот нишон дод, ки маводи мусодирашуда аз навъҳои «гашиш», «мефедрон» ва «алфа-PVP» буда, вазни умумии онҳо 1 килограмму 945 грамм-ро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, аз ҷойи махфие, ки аз ҷониби ташкилкунандагони мағозаи интернетии фурӯши маводи мухаддир барои онҳо омода шуда буд, боз 460 грамм маводи «мефедрон» ва «алфа-PVP», ки бояд баъдан аз нав бастабандӣ ва дар ҳудуди пойтахт паҳн мешуд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Айни замон нисбат ба гумонбарон тибқи банди «а»-и қисми 6 моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба онҳо чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шудааст. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: