TVP: дар Варшава автосалони Ford бо масоҳати зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ оташ гирифт

Бино бо масоҳати 3200 метри мураббаъ, ки дар он автосалон ва маркази хизматрасонии ширкати амрикоии Ford ҷойгир аст, дар шаҳри Варшава ба коми оташ кашида шуд.

 Дар ин бора шабакаи телевизионии TVP бо истинод ба хадамоти оташнишонӣ хабар додааст.

Аввалин хабарҳо дар бораи сӯхтор соати 05:00 ба вақти маҳаллӣ (06:00 ба вақти Москва) расиданд, вақте ки аз болои автосалон дуди ғафс баланд шуд.

Ба хомӯш кардани сӯхтор 40 дастаи оташнишонӣ ҷалб гардиданд.

Дар бораи осебдидагон ва сабаби сӯхтор то ҳол маълумот дода нашудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: