Корҳои бузурги сохмонӣ дар Сӯх

  • Корҳои бузурги сохмонӣ дар Сӯх
  • Корҳои бузурги сохмонӣ дар Сӯх
  • Корҳои бузурги сохмонӣ дар Сӯх

Қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2026-2028, таъмини шуғли аҳолӣ тавассути истифодаи захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда ва рушди босуръати соҳибкорӣ», аз 8 июли соли равон, дар дилу дидаи мардуми ин минтақаи дурдаст шодиву ифтихор ба бор овард. Зеро ноҳия аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон воқеъ гашта, танҳо дар даҳсолаи охир бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

– Бахусус, сарвати арзишмандтарини Сӯх мардуми боистеъдод, далеру шуҷоъ ва меҳнатдӯсти он аст. Ноҳия ва аҳолии он ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси Президент қарор доранд. Қарори вижа «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2026-2028, таъмини шуғли аҳолӣ тавассути истифодаи захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда ва рушди босуръати соҳибкорӣ», ки аз ҷониби Роҳбари давлат қабул шуд, аҳамияти бузург дорад, зеро он воқеан оғози рушди нави ин минтақаи биҳиштосои вилоятамонро фароҳам меорад, – изҳор намуд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.

Бар асоси он корҳое ба сомон мерасанд, ки дар табдил додани минтақа ба ноҳияи муосири озод аз бекорӣ ва камбизоатӣ, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва афзоиши даромад ва некӯаҳволии аҳолӣ басо мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи қарори Сарвари давлат барои Сӯх 1,5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, ки татбиқи 162 лоиҳаи сармоягузорӣ ва иҷтимоиро дар бар хоҳад гирифт.

– Нишондиҳандаҳои мушаххаси ҳадафманд барои рушди ҳамаҷонибаи ноҳия дар солҳои 2026-2028 муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 80 миллион доллар, афзоиши содирот ба 15 миллион доллар, афзоиши шумораи сайёҳон 1,4 маротиба ва таъмини суръати устувори афзоиши саноат, хидматрасонӣ ва кишоварзӣ барномарезӣ шудааст, – гуфт Х. Бозоров.

Вай таъкид варзид, ки сайёҳӣ яке аз «муҳаррикҳо»-и нави иқтисоди Сӯх хоҳад шуд. Дар соҳили 5-километраи дарёи Сӯх, дар маҳаллаҳои «Сариканда», «Ровон» ва «Шарқобод», тибқи нақшаи генералӣ, бо сармоягузории 720 миллиард сӯм дар масоҳати 176 гектар як маҷмааи муосири истироҳатӣ ва саломатӣ сохта мешавад.

Гуфта шуд, ки дар баробари ин корҳои бузург барои навсозии шабакаҳои муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ, иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиёт анҷом дода мешаванд. Хидматрасонии мунтазами ҳавоӣ, ки барои Сӯх басо ногузир мебошад, ба роҳ монда мешавад ва парвозҳоро ҳавопаймоҳои «Cessna-208», «Caravan» ва «L-410» ба ҷо меоранд.

– Ҳадафи асосии ҳамаи лоиҳаҳои амалӣ таъмини некӯаҳволии ҳар як оила ва эҳсоси возеҳи тағйироти амалӣ дар ҳаёти аҳолӣ мебошад, – иброз дошт дар охири суханронӣ Хайрулло Бозоров.

Дар чорабинӣ роҳбари Департаменти Дастгоҳи Президент Бобур Хоҷаев таъкид варзид, ки ин қарор барои табдил додани Сӯх ба минтақаи шукуфонтар, муосиртар ва рушдёфта хидмат хоҳад кард.

Дар пайи анҷоми чорабинӣ, ки бо таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилнишин ба поён расид, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги сохтмон, ки барои таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори минтақа равона шудаанд, ҳусни оғоз бахшида шуд. Корҳои мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Сӯх ва сойи  Обишир, ки аз минтақаи Сойбозори ноҳия мегузарад,  сохтмони 12 бинои истиқоматии 7-ошёна, таъсиси клиникаи хусусии муосир дар Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Истиқлоли маркази ноҳия аз ҳамин шумор мебошанд.

Маълум шуд, ки клиникаи хусусиро ба маблағи 6 миллион доллар соҳибкори маҳаллӣ Гулшан Ҳотамов ва сармоягузорони рус амалӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, клиника дар асоси стандартҳои муосири тиббӣ сохта мешавад  ва имкониятҳоро барои пешниҳоди хидматрасонии тиббии баландсифат ба аҳолӣ васеъ мекунад. Илова бар ин, ин лоиҳа дар рушди сайёҳии тиббӣ дар минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти минбаъдаи инфрасохтори ин соҳа нақши муҳим хоҳад бозид.

 Боздиди ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров аз макони таърихӣ ва муқаддаси ноҳияи Сӯх – зиёратгоҳи «Санги навишта» муъҷиби он шуд, ки қаламрави зиёратгоҳро боз ҳам зеботар гардонанд, инфрасохторро беҳтар созанд, шароити муосир ва бароҳатро барои зоирон фароҳам оваранд, инчунин ин маконро ба масири сайёҳии минтақа дохил кунанд.

 

М. Аҳроров,

мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Фарғона.

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: