Бархе аз навъҳои саратон солҳои охир миёни ҷавонон бештар ба қайд гирифта мешаванд. Яке аз сабабҳои эҳтимолии ин раванд суръат гирифтани пиршавии биологии организм арзёбӣ мешавад. Ба чунин хулоса олимони Мактаби тиббии Донишгоҳи Вашингтон расидаанд.
Тибқи маълумоти Маркази тадқиқоти саратони Олмон (DKFZ), дар ин кишвар шумораи гирифторони саратони рӯдаи ғафс ва рӯдаи рост дар миёни ҷавонони аз 20 то 39-сола ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тамоюли шабеҳ дар Иёлоти Муттаҳида низ мушоҳида мешавад, ки сатҳи беморӣ дар он боз ҳам баландтар аст. Ҳамчунин, муҳаққиқон аз зиёд шудани ҳолатҳои саратони мағзи устухон ва саратони бачадон дар байни ҷавонон хабар медиҳанд, менависад Kazinform.
Олимон муайян кардаанд, ки дар бисёре аз беморон байни синни тақвимӣ ва синни биологии организм фарқияти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Агар синни тақвимӣ аз рӯи солҳои зиндагӣ муайян шавад, синни биологӣ дараҷаи фарсудашавии организмро нишон медиҳад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, эҳтимол дорад организми ҷавонони имрӯза нисбат ба наслҳои пешин зудтар пир шавад.
Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки то имрӯз танҳо робитаи эҳтимолӣ байни суръат гирифтани пиршавии биологӣ ва зиёд шудани хатари саратон ошкор шудааст. Аммо ҳанӯз робитаи мустақими сабабу натиҷа миёни ин ду омил аз ҷиҳати илмӣ исбот нашудааст.
Ба гуфтаи яке аз муҳаққиқон Рон Яхимович, тақрибан нисфи омилҳое, ки ба синни биологӣ таъсир мерасонанд, ба ирсият вобастаанд. Нимаи дигари онҳо бошад, аз тарзи зиндагии худи инсон вобастагӣ доранд. Фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ, хоби кофӣ ва ғизои мутавозин метавонанд раванди пиршавии биологии организмро суст намоянд. Дар навбати худ, фарбеҳӣ аз синни ҷавонӣ, камҳаракатӣ ва норасоии хоб аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки пиршавии организмро метезонанд.