Роҳи Каҳкашон 10 -11 миллиард сол пеш самти худро тағйир додааст — пажӯҳиш

Астрономҳои Британияи Кабир далелҳоеро ошкор карданд, ки нишон медиҳанд Роҳи Каҳкашон тақрибан 10–11 миллиард сол пеш бо як галактикаи дигар бархӯрди азимро аз сар гузарондааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқи Донишгоҳи Дареми Британияи Кабир Кирилл Батраков, олимон қаблан тахмин мекарданд, ки Роҳи Каҳкашон бо галактикае бо номи «Гайя–Энселад» бархӯрдааст. Акнун бошад, онҳо далелҳоеро пайдо кардаанд, ки ин бархӯрд ҷойгиршавии диски Роҳи Каҳкашонро низ тағйир додааст.
«Ин маънои онро дорад, ки аксари ситораҳои галактика пештар дар атрофи маркази он бо масири тамоман дигар давр мезаданд», — мегӯяд Батраков.
Ба гуфтаи ӯ, бархӯрд ва ҳамроҳшавии галактикаҳо дар Коинот падидаи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Ба арзёбии NASA, тақрибан чоряки ҳамаи галактикаҳои намоён чунин «бархӯрдҳои кайҳонӣ»-ро аз сар гузарондаанд. Яке аз натиҷаҳои асосии чунин ҳодисаҳо суръат гирифтани раванди ташаккули ситораҳои нав мебошад. Дар марҳилаҳои аввали ташаккули Коинот чунин бархӯрдҳо эҳтимол боз ҳам бештар рух додаанд.
Солҳои зиёд олимон бар он буданд, ки Роҳи Каҳкашон танҳо бо галактикаҳои хурди карликӣ бархӯрдааст. Аммо баъдан маълумоти телескопи кайҳонии GAIA, ки ҳаракати ситораҳоро дар қисматҳои берунии галактика мушоҳида кардааст, нишон дод, ки Роҳи Каҳкашон эҳтимол дар гузашта бо якчанд галактикаи бузург низ бархӯрд доштааст. Ин кашфиёт таваҷҷуҳи олимонро ба ҷустуҷӯи нишонаҳои дигари чунин ҳодисаҳои кайҳонӣ ва омӯзиши паёмадҳои онҳо бештар кард.
Барои санҷиши ин фарзия астрономҳо моделсозии компютерӣ анҷом дода, бархӯрдҳои ошкоркардаи GAIA-ро аз нав барқарор карданд. Натиҷаҳои ҳисобҳо нишон доданд, ки диски қадимии Роҳи Каҳкашон дар натиҷаи бархӯрд бо «Гайя–Энселад» тақрибан 90 дараҷа тағйир ёфта, маҳз ҳамин раванд сохтори имрӯзаи галактикаро шакл додааст, хабар медиҳад Kazinform.
Ба таъкиди олимон, ин рӯйдод яке аз муҳимтарин воқеаҳо дар таърихи қадимаи Роҳи Каҳкашон буда, бисёр хусусиятҳои ҷойгиршавӣ ва ҳаракати галактикаҳои ҳамроҳи онро шарҳ медиҳад. Инчунин, он метавонад сабаби он бошад, ки чаро ситораҳои ҳалқаи берунии галактика дар атрофи маркази Роҳи Каҳкашон нисбат ба интизорӣ сусттар ҳаракат мекунанд.
Муҳаққиқон бар он назаранд, ки натиҷаҳои ин пажӯҳиш бояд ҳангоми омӯзиши эволютсияи Роҳи Каҳкашон ва дигар галактикаҳои спиралӣ ба назар гирифта шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: