Муносиби номи худ

Абдулазиз Бегмаҳмадов соли ҷорӣ синфи 7-умро хатм намуд. Ҷавони ботамкину бомулоҳиза ва меҳнатдӯст мебошад. Аз ҳамаи фанҳо баҳои хубу аъло мегирад. Истеъдоди баланди ҳифзу хониши шеърро дорост. Дар ҳамаи тадбирҳо фаъол аст.

Ба ғайр аз ин пайваста дар дарсҳои иловагии фанни математика фаъолона ширкат меварзад. Аъзои ҷамъияти ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ иқтидорашон маҳдуд аст. Шоҳмотро дӯст медорад ва маҳорати худро дар миқёси мактабу ноҳия ва ҳатто вилояту ҷумҳурӣ нишон додааст. Ӯ муносиб ба номи худ амал менамояд ва ба қавле ҷавони «серқирра» аст.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар байни ҷавонони аз 7 то 17-сола аз тарафи ҷамъияти маълӯлони ноҳияи Бӯка мусобиқаи шоҳмот гузаронида шуд. Дар он Абдулазиз ҷойи 1-умро соҳиб гашта, ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифт.

Зинаи вилоятӣ дар доираи 5 ташаббус, таҳти шиори «Дунёи рангҳои мафтункор» ба амал омад.

Дар озмун аз 22 ноҳия ва шаҳр 12 нафар маҳорати худро нишон доданд. Абдулазиз ҷойи якумро ба даст овард ва соҳиби диплому туҳфаҳои хотиравӣ гашт. Табиист, ки барои иштирок дар озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ пайдо намуд.

Бо ҳамкории Вазорати адлия ва Ҷамъияти маълӯлони Ӯзбекистон аз 17 то 19-уми июли соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявӣ дар истироҳатгоҳи «Алмос»-и ноҳияи Бустонлиқ доир гашт.

Сарпарасти озмун фонди хайрияи ба номи Мираброр Усмонов буда, ба дараҷаи зарурӣ хидмат намуд. Инҷо мавриди қайд аст, ки бо дастгирии сарпарастон иштирокчиёни озмун бо ҳамроҳи падар ва модарон се рӯз ба таври ройгон истироҳат намуданд. Дар он аз ҳамаи вилоятҳо 12-нафар шоҳмотбозони ҷавон маҳорати худро нишон доданд. Хушбахтона дар ин озмун боз Абдулазиз сазовори ҷойи якум гашт. Устодон ва хонандагони мактаби рақами 9 бо Абдулазиз ифтихор менамоянд ва мудом ба ёрии ӯ шитофта, шароити мусоид фароҳам меоранд.

Умед аст, ки ӯ дар оянда ҳамчун шоҳмотбози моҳир дар миқёси ҷаҳон низ маҳорати худро нишон медиҳад.

 

Сулаймон Содиқ,

омӯзгори мактаби рақами 9-уми

ноҳияи Бӯка.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: