Аҳди Паймон

ё нигоҳе ба публисистикаи шоир Тӯхтамиш Тӯхтаев

Адиби номӣ Тӯхтамиш Тӯхтаев мутахаллис ба Паймонро дар мамлакат ва берун аз он ҳамчун шоири хушбаён ва тавоно хуб мешиносанд.  Қариб 50 сол аст, ки менависад ва то имрӯз беш аз даҳ маҷмӯаи хурду калони ашъораш, тарҷумаҳояш манзури китобхонон шудаанд. Шоири соҳибдевон аст. Ба шеъру шоирӣ садоқати беандоза дорад.
Дар бораи фаъолияти эҷодӣ, мазмуну муҳтавои ашъори шоир муҳаққиқон нуқтаи назар, андешаҳои худро баён кардаанд, ки ин, албатта, тасодуфӣ нест.

Аксар муштариён медонанд, ки Паймон дар ҷодаи адабиёт бо шеърҳояш ном бароварда, маҳбубият ва эътироф пайдо кардааст. Ӯ шеърро волотарин маҳсули ақоиду назари соҳибқалам медонад, ба он арзиши баланд медиҳад. Ба қавле, шеъру ғазал рози дили Паймон аст. Аммо дар ин мақола мо дар бораи ашъори вай баҳс намекунем. Паймон  носир ҳам ҳаст, навиштаи мо доир ба ин паҳлуи эҷодиёти ӯст.

Мавсуф аз моҳи августи соли 1982 дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» кору эҷод мекунад. Бояд зикр намуд, ки ӯ ба ин даргоҳи маърифат ва эҷод на бинобар нашри шеърҳо, балки баъди чопи як очеркаш ба кор даъват гардид.

Он чӣ очерке буд, ки маҷрои зиндагии як омӯзгори деҳаро дигаргун кард? Ба ин суол аз очерки «Тақдирҷунбон», ки дар бораи сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» – инсони меҳрубону шариф Шавкат Ниёзов мебошад, метавон ҷавоб ёфт. Бино ба эътирофи худи Паймон, то ин очерк ӯ барои рӯзнома ягон хабар ё мақолае нанавишта буд.

Баҳори соли 1982, дар он замоне, ки дар мактаби деҳаи азизаш – Синтоби ноҳияи Нурато аз забони форсӣ, забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт, дар ӯ ногаҳон хоҳиши дар бораи фаъолияти омӯзгори фанҳои алгебра ва геометрия, собиқадори соҳаи маориф Қурбон Ҷӯраев мақола навиштан пайдо мешавад. Ҳамин тавр, аввалин навиштаи насрии шоир дар жанри очерк бо номи «Панди падар» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба табъ расида, боиси сару садо ва таҳсини ҳамдеҳагон мегардад.

Пас аз чанде, аниқтараш 12 майи соли 1982, аз номи сармуҳаррири рӯзнома Шавкат Ниёзов ба Паймон мактубе мерасад, ки он сипас дар сарнавишти ӯ нақши бузург мебозад. 20-уми май ӯ озими Тошканд мешавад.

«Аз ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки як очерки воқеан тасодуфан, ба як маънӣ раҳораҳ навишташуда, роҳи ҳаёти баъдинаамро  бад-ин дараҷа куллан дигаргун мекунаду маро ба идораи рӯзнома кашонда, ба инсонҳои самимиву  бузурге чун сармуҳаррири он Шавкат Ниёзов рӯ ба рӯ  ва қарибу қарин месозад. Барои ин ҳама месазад, ки аз сарнавишти худ розӣ бошам, шукрона гӯям», менависад шоир дар «Тақдирҷунбон». 

Ҳамин тариқ, муаллиф шукронаи замони кору эҷодро таҳти роҳбарии устод Ниёзов бо забони ширин баён намуда, дар хулоса менависад: «ман мувофиқи ваъда ва қарордод аввали августи соли 1982, ки он замон 27 сол доштам, ба идораи  «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и кунунӣ) ба кор омадам ва то имрӯз, ҳарчанд нафақахӯрам, дар ин даргоҳи бароям ба ҳар маънӣ азизу муқаддас кор мекунам. Дар ин муддат мувофиқи қавлу қарор, бо дастгирии ин роҳбар ва инсони яксухан соҳиби хонаи худӣ, дар тӯли ду соли кор ба узвияти Иттифоқи журналистони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта ва баъдан бо дахолати бевоситаи ӯ узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шудам, аз хабарнигори одии рӯзнома то ба вазифаи муҳаррири шуъбаи он расидам. Муҳимтар аз ҳама, тавре муаллим илтифоту пешгӯӣ карда, «ҳамааш хуб мешавад», гуфта буд, бо тамоми шавқу иштиёқ, иқтидори табъу завқ ба кори эҷод пайвастам ва чандин баёзу китобҳои ашъорам аз тариқи нашриётҳои гуногуни Душанбеву Тошканд чоп шуданд». Ва ҳамин зайл Паймон бо зикри зарбулмасали «тақдирро тақдирҷунбон мебояд» аз фазилатҳои неки он инсони шариф, ки барои камина низ тақдирҷунбон буданду аз ин хусус дар мақолаам «Ҳар чӣ ёфтам, аз «Овоз» ёфтам» сухан меравад, нақл менамояд.

Баъди шомил шудан ба давраи эҷодкорони ин даргоҳи азиз, Паймон дар заминаи дониши мукаммали забонӣ ба мақоми журналисти муваффақ мерасад. Сафарҳо ба ноҳияҳои кишвар, иштирок дар чорабиниҳои гуногун ва мулоқот бо намояндагони касбу кори мухталиф, муҳимтар аз ҳама, масъулияту завқи эҷод, ӯро дар майдони матбуот аз имтиҳони бузурги эҷодӣ гузаронданд. Ва имрӯз мо ҳақ дорем бо номи ӯ ифтихор намоем ва бигӯем, ки мавсуф дар ҷодаи наср – рӯзноманигорӣ низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Очерки «Момои муборак», ки 8 феврали соли 1983 дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудааст, аз ҷумлаи беҳтарин асарҳои рӯзноманигории ӯст ва ҳоло ин гуна очерк-ро дар рӯзнома аҳён-аҳён мехонем. Он бо услуби ҳикоя оғоз шуда, диққати хонандаро зуд ба худ ҷалб мекунад.

«Ба қарибӣ тӯйи момои Шарбат мешудааст...

Ин хабар дар як он сар то сари деҳа паҳн гардид. Онҳое, ки аз таги гап бехабар буданд, лоқайдона чунин мегуфтанд:

– Хайр, тӯи момои Шарбат, яъне тӯи набераҳои ӯ будагист. Чӣ пур –  набераҳо. Як не, наздики панҷоҳ набера дорад ӯ. Баъд чӣ пур – тӯй!» ва ҳоказо.

Ин ҷумлаҳо беихтиёр хаёли моро ба саҳнаи таърих мебарад: «Моҳи ноябри соли 1932... Суруди таскинбахши «Майда-ё, майда»-и гандумдараву хирманкӯбҳо дигар аз дашт ба гӯш намерасид.  Чархи осиёбҳои колхоз шабу рӯз давр зада, ғаллаи мардумро орд мекарданд».

Ҳамин минвол, муаллиф дар бораи як зани фаъоли тоҷики деҳаи кӯҳистон Шарбатмомо Мухторова асари ҷолибе офаридааст.

«Мӯи чун барфи сари қуллаҳои кӯҳсори деҳа сафеду чеҳраи пурожанг, чашмони камнуру пешонаи васеи пурчин, лабу даҳони мутаносиби момою қади хамидаи ӯ бо таъбири Одамушшуаро, Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: «Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй, Ки ҳоли банда аз ин пеш дар чӣ сомон буд, – мегуфтанд» – хеле орифона навиштааст Паймони шоир.

Ҳар як навиштаи ӯ ҳамчун журналист дорои услуби хос, баёни равон ва тасвири пурраи сират ва муҳити қаҳрамон аст.

Паймон соли 1997 дар ҳайати ҳакамони анҷумани омӯзгорони эҷодкор дар сафи чандин адибони ӯзбек ва масъулини Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ  ба вилояти Андиҷон сафар мекунад. Баъди ин сафар таҳти рукни «Аз дафтари хотирот» мақолаи «Дар он кӯ ҷони ман монда» (тарҷумаи мисраи «Анда жоним қолди мани»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур) ба табъ мерасад, ки дар он андешаҳои ҷолибаш дар бораи маҷмӯаи «Муборак дамлар» (маҷмӯаи асарҳои омӯзгорон)  низ ифода ёфтаанд: «Аз навиштаҳои баъзеи онҳо бӯйи моли воқеии адабиёт ба машом мерасад. Боиси хушнудии мост, ки дар ин баёз  намунаҳое аз қаламиҳои Чоршанбеи Деҳнавӣ ва Муҳаммадҷон Ҳакими Чустӣ, ки ба хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» бо навиштаҳои ба забони модариашон – тоҷикӣ эҷодкордаи худ дер боз шинос ҳастанд, ҷой доранд».

Боз як кори шоистаи насрии Паймон тарҷумаи хотираҳои журналист ва адиби ӯзбек Қурбоной Убайдуллоева мебошад, ки ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта асарҳои Устод Садриддин Айниро дар Самарқанд мошиннависӣ карда буд. Он таҳти унвони «Шуълаи ҷовидон» ба табъ расидааст. Ин тарҷумаро ӯ бо тавсияи Шавкат Ниёзов анҷом додааст.

Дар ин бора Паймон дар очерки «Фалсафаи ҳаёт»-и худ қайд намудааст, ки сармуҳаррири «Овози тоҷик»  яке аз шумораҳои  маҷаллаи «Шарқ юлдузи»-ро, ки соли 1956 чоп шуда буд, ба ӯ супурда, хоҳиш мекунад, ки мақолаи   «Ӯчмас шуъла»-ро ба тоҷикӣ баргардонад. Ин воқеа соли 1988, дар арафаи ҷашни 110-солагии Устод Садриддин Айнӣ рӯй дода буд. Ҳамин тариқ, очерк дар як  чанд шумораи рӯзнома чоп шуда, боиси истиқболи хуби муштариён мегардад. Паймон тарҷумаро пас аз чанд даҳсола дубора аз назар гузаронида, ба дасти чоп супурд ва он соли 2022 дар шакли китобча интишор гардид.

Соли 2024 бахшида ба 100-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Овози тоҷик» очерки «Ҳамадон»-и Паймон, ки ба шахсияти донишманд, муовини сармуҳаррири рӯзнома Муҳсин Умарзода бахшида шудааст, дар китоби «Сад соли пуровоза» ҷой гирифт. Ба таъбири Паймон «Ӯ (Умарзода) ҳам нависандаву шоир, ҳам публисисту тарҷумони беназир, ҳам санъатшиносу рассоми моҳир, ҳам журналисти соҳирқалам, ҳам донанди хуби таърихи миллат ва  забони модарӣ, хабардори варзиш, билхоса шатранҷ... маҳсуб меёфт». 

Паймон дар очерку мақолаҳои худ ҳамеша шахсиятҳои шарифу баор, арзанда ва хизматкардаро интихоб мекунад. Очерки «Фалсафаи ҳаёт» дар бораи Мурод Махсудов намунаи равшани ин гуфта мебошад. Муаллиф дар он аз корҳои хайрхоҳонаи қаҳрамон бо эҳтиром ва самимият ёд мекунад.

Ҳамчунин, очеркҳое чун «Одами мулоим ё ҳофизе, ки халқ мешиносаду ҳукумат не» (дар бораи ҳофизи хушадо Неъматҷон Қулабдуллоев) ва «Устоди ман» (дар бораи шодравон Саломатулло Олибоев)  аз ҷумлаи навиштаҳои пурмазмуни ӯ ба шумор мераванд.

Ногуфта намонад, ки маҳз бо бовар ба маҳорати журналистии Паймон ӯро замоне ба вазифаи муҳаррири тоҷикии ҳафтаномаи «Фарҳанги Осиёи Марказӣ» таъин карда буданд.

Бартарии асосии Паймон ҳамчун носиру рӯзноманигор он аст, ки фонди ғании луғавӣ, маҳорати суханпардозӣ дорад ва ба таъбири «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» мукаммалтар аз мо амал мекунад.

Қаламат ҳамеша сабзу бурро бод, шоир ва носир – журналисти даврони мо – Паймон!

 

Шоқаҳҳор Салимов,

узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: