Фарғона – Ботканд: Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар деҳаи хушманзараи Шоҳимардони ноҳияи Фарғона бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов мулоқот кард. Дар ин мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду вилоят, ҳокимони ноҳияҳои Фарғона ва Қадамҷой ва мақомоти дигари дахлдор иштирок карданд.

Вохӯрӣ аз он ҷиҳат муҳим шумурда шуд, ки он барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои минтақаҳои марзӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тақвияти минбаъдаи муносибатҳои наздики ҳамсоядорӣ хидмат хоҳад кард.
– Мо аз имкониятҳои мавҷуда бояд ҳамеша самаранок истифода бурда, вусъати ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун тақвият бахшем. Таҳкими дӯстиву рафоқат танҳо моро ба сӯйи ояндаи нек ва доман густардани ҳамкориҳои бештар раҳнамо хоҳад шуд, –гуфт Хайрулло Бозоров.
Мамирҷон Раҳимов изҳор намуд, ки роҳбарони ҳарду давлати ҳамҷавор аз чунин ташаббусҳои нек ҳамеша ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
– Ин барои вусъати ҳамкориҳои миёни ду вилояти ҳамҷавор хеле мусоидат хоҳад намуд, – қайд кард Мамирҷон Раҳимов.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: