Дар чорсӯйи илму эҷод

Дар фазои адабиву илмии тоҷикони Ӯзбекистон имрӯз номҳое ҳастанд, ки бо заҳмати пайгирона, ҷустуҷӯҳои пайваста ва эҷодиёти серпаҳлуи худ ҷойгоҳи хос касб кардаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо адиб, рӯзноманигор, омӯзгор ва муҳаққиқ Ҳикмат Султонзода мебошад, ки роҳи зиндагии худро ба каломи бадеъ, маърифат ва тарбияи насли нав бахшидааст.

Роҳи Ҳикмат Султонзода аз деҳа то донишгоҳ хеле тӯлонист. Вай 30 июли соли 1973 дар деҳаи Сойихурди ноҳияи Нурато ба дунё омадааст. Муҳити деҳот – одобу анъанаҳои мардумӣ ва забони модарӣ, дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ нақши муҳим гузошт. Аз айёми кӯдакӣ ба сухан, шеър ва нақлҳои бузургсолон шавқу рағбати хос дошт.

Яке аз хонандаҳои фаъоли мактаби миёнаи рақами 30 ва 43-юм буд. Ҳанӯз дар ҳамин давра нишонаҳои нахустини истеъдоди адабиаш падидор шуданд: шеърҳои аввалин ва талошҳои ҷиддӣ барои ифодаи фикр.

Соли 1991 ӯ ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе дохил мешавад. Ин марҳила дар ташаккули илмӣ ва адабии ӯ аҳамияти сарнавиштсоз дошт. Муҳити донишгоҳ, устодони соҳибтаҷриба ва дастрасӣ ба мероси адабии классикӣ ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуда, ба роҳи илму эҷод раҳнамун сохт.

Пас аз хатми донишгоҳ Султонзода фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгор дар мактаби рақами 30 сар мекунад. Ин давра барои ӯ на танҳо таҷрибаи касбӣ, балки мактаби зиндагӣ буд. Кор бо хонандагон, дарки масъулият ӯро ба ҷустуҷӯйи бештар водор намуд.

Соли 1998 ба нашриёти «Ӯзбекистон»-и пойтахт ба кор гузашт. Дар ин ҷо фаъолияти ӯ тадриҷан рушд кард, аввал дар вазифаи мусаҳҳеҳ, баъдан муҳаррир ва ниҳоят мудири шуъбаи тоҷикии нашриёт. Ин шуъба ба тасҳеҳ, тарҷума ва таҳрири китобҳои дарсӣ машғул буд. Кори ноширӣ барои Султонзода мактаби дигар гардид.

Маҳз дар ҳамин муҳит ӯ таҷрибаи ғании таҳрир ва тарҷума андӯхта, бо масъалаҳои рушди забони адабӣ ва таҳияи китобҳои таълимӣ аз наздик ошно гардид. Бо тақозои тақдир боз ба зодгоҳ бармегардад ва чанд муддат фаъолияти омӯзгориро идома медиҳад. Ин бозгашт, ба гунае, пайванди ӯро бо решаҳои миллӣ ва муҳити аслии забон мустаҳкамтар кард. Дар ҳамин давра низ аз эҷод дур намемонад, таҷрибаи зиндагии деҳот ба осораш ранги тоза мебахшад.

Имрӯз ӯ узви Иттиҳоди рӯз-номанигорони ҷумҳурӣ ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошад. Осори адабиаш дар чанд маҷмӯа, аз ҷумла, «Бозгашти Ҳикмат», «Сеҳри сухан», «Авҷи Ҳикмат» ва «Ганҷи Ҳикмат»  ба дасти мухлисони каломи бадеъ расидааст.

Ин маҷмӯаҳо шеъру тарона, ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳоро дар бар мегиранд. Эҷодиёташ ҳам дар шакли назм ва ҳам наср сурат мегирад. Дар назм бештар ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ишқ ва худшиносӣ рӯ меорад. Насри ӯ  аз суханҳои ҳикматнок то ҳикояҳои ҳаҷвиро фаро мегирад.

Аз соли 2021 ӯ фаъолияти худро дар Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ идома медиҳад. Ҳамчун муаллими калон дар гурӯҳҳои тоҷикӣ кор мекунад.

Вай ба ғайр аз машғулиятҳои дарсӣ бо шогирдон маҳфили адабии «Эҷодкори ҷавон»-ро ба роҳ мондааст, ки сол то сол самараи нек медиҳад. Аз ҳаводорони рӯзномаҳои  «Овози тоҷик», «Ховар» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» аст. Вақте доир ба матбуоти тоҷики кишварамон ва маданияти мутолиа бо ӯ суҳбат мекунед, гоҳ-гоҳ ба дард ҳарф мезанад. Аз он месӯзад, ки имрӯз баъзе ҳамзабонон ин минбарҳои суханро ба таври бояду шояд дастгирӣ намекунанд, китобу рӯзнома намехонанд.

Ҳикмат ба корҳои илмӣ низ ҷиддан машғул аст. Вақтҳои охир фаъолияти илмии ӯ ба таври назаррас густариш ёфтааст. Солҳои охир чанд китоби дарсӣ ва васоити таълимиро барои донишгоҳҳо ва мактабҳо таҳия ва нашр намуд. Ин китобҳо ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам дар ҳаммуаллифӣ омода шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои илмии ӯ – «Дар чорсӯйи илм ва эҷод» (Тошканд, «Фирдавс-Шоҳ», 2025) ва «Баъзе вижагиҳои осори Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ» (Тошканд, «Зебо-принт», 2026) чоп шудаанд. Дар баробари ин, зиёда аз 30 мақолаи илмии ӯ дар маҷаллаҳои дохиливу хориҷӣ ва маҷмӯаҳои конфронсҳои байналмилалӣ ба дасти нашр расидаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки айни ҳол ӯ дар арафаи дифои рисолаи илмии худ дар мавзӯи «Ҷустуҷӯҳои бадеиву услубӣ дар эҷодиёти адибони ӯзбеку тоҷик дар асрҳои XVIII–XIX» қарор дорад. Ин мавзӯъ робитаҳои адабии ду миллатро баррасӣ мекунад.

Навиштаҳои Ҳикмат Султонзода пайваста дар маҷаллаҳои «Забон ва адабиёт», «ӮзМУ» ва рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ба нашр мерасанд. Ин ҳузури фаъол дар матбуот нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо эҷодкор, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти фарҳангист.

Намунаҳои эҷоди вай тавассути китобҳои Юнуси Имомназар («Гули санг», Тошканд, «Тамаддун», 2020), Аслиддин Қамарзода (Донишнома – тазкираи  суханварони тоҷики Ӯзбекистони асри XX – ибтидои асри XXI, Самарқанд-Душанбе, 2023), Абдукарим Шарифов, Илҳом Юсуфов («Меҳрнома», баёзи эҷодкорони Ҷиззах ва Суғд, Самарқанд, «Маҳорат» 2022), китоби дастҷамъии мураттиб Иброҳими Наққош («Сафинаи сухан», Душанбе, «Эр-граф», 2022)  низ ба дасти мухлисони илму адаб расидаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ӯ тарҷума ва таҳрири китобҳои дарсӣ мебошад. Ин кор на танҳо дониш, балки масъулияти бузурги забонӣ ва маънавиро талаб мекунад. Алҳол дар мактабҳои миёна аз тарҷумаи китобҳои дарсии вай истифода мебаранд.

Ба наздикӣ маҷмӯаи омӯзишии ӯ бо номи «Адабиёти бачагона» ба нашр расид. Ин китоб аҳамияти махсус дорад, зеро дар он на танҳо осори кӯдаконаи адабиёти классикӣ, балки асарҳои нависандагони муосири тоҷики Ӯзбекистон низ ҷой дорад.

Дар замоне, ки арзишҳои маънавӣ ба дастгирӣ ниёз доранд, чунин шахсиятҳо чун Ҳикмат Султонзода чароғи роҳанд – роҳе, ки ба сӯйи маърифат, фарҳанг ва худшиносӣ мебарад.

Султонзода дар оила низ инсони хушбахт буда, соҳиби се нафар фарзанд аст.  Ховар (хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгори Ҷиззах), Ёвар (хатмкардаи факултаи телекоммуникатсияи Донишгоҳи ахбору технологияи Тошканд) буда, дар соҳаи тахассусии худ фаъолият мекунанд. Фарзанди хурдӣ донишҷӯи Донишгоҳи журналистикаи Тошканд мебошад. Ин далел гувоҳи он аст, ки муҳити маънавӣ ва фарҳангии оилавӣ низ дар идомаи роҳи илм ва эҷод нақши муҳим дорад.

 

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори

«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: