«Бухорча» – дар арсаи байналмилалӣ

Дар шаҳри Maрибори Словения барномаи ҷамъбастии фестивали 38-уми байналмилалии фолклор – CIOFF FolkArt баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар санъаткорони Полша, Пуэрто-Рико, Македонияи Шимолӣ, Сербия, инчунин ансамбли академии фолклори мизбон – «Student» намунаҳои санъати миллии худро намоиш доданд.

Дар фестивал ансамбли рақсу суруди «Бухорча»-и бахши вилоятии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон бо роҳбарии Рауф Авезов низ иштирок карда, бо савту сурудҳои пурҷозиба ва рақсҳои дилкаши худ ҳунари миллиамонро дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ин ҷашнвора, ки панҷ рӯз давом кард, бобати бо мероси ғании мадании номоддии халқҳои ҷаҳон аз наздик шинос кардани аҳолӣ ва меҳмонони Maрибор ва рушд додани алоқаҳои дӯстию ҳамкориҳои маданӣ нақши муҳим бозид.

«Бухорча» баъдан дар шаҳри Истанбули Туркия дар озмуни рақсҳои мардумии ҷаҳон ширкат кард. Дар доираи озмун вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истанбул Нурӣ Аслан бо намояндагони давлатҳои иштирокдори озмун ба амал омад. Дар вохӯрӣ ба намояндагон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд ва бобати аҳамияти озмун мулоқоти самимӣ сурат гирифт. Озмун бо баромади «Бухорча» ибтидо гирифт. Санъаткорони шаҳри бостонӣ беҳтарин намунаҳои рақси миллиро ба эътибори ҳайати доварон ва тамошобинон ҳавола карданд.

Ин озмун, ки аз 37 давлат 45-то ҷамоаи фолклорию рақсиро як ҷо ҷамъ овард ба тарғиби рақси миллӣ, таҷрибаивазкунӣ, мустаҳкамсозии ҳамкориҳои маданию дӯстӣ хидмат мекунад.

 

Амрулло Авезов,

хабарнигори  «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: