Аз 27 июл қабули аризаҳо барои гирифтани субсидияи манзилаз рӯи қарзҳои ипотека оғоз мешавад. Аризаҳо аз соати 15:00 қабул карда мешаванд.
Қабули аризаҳо барои гирифтани субсидия аз рӯйи қарзҳои ипотека аз ҳисоби қисми истифоданашудаи огоҳиномаҳои қаблан пешниҳодшуда, ки дар доираи нишондиҳандаҳои мақсадноки пардохти субсидияҳо ҷудо гардидаанд, 27 июли соли ҷорӣ, соати 15:00 оғоз мегардад.
Барои дарёфти субсидия довталаб бояд аз рӯйи меъёрҳои иҷтимоӣ на камтар аз 30 хол ба даст оварад. Ҳамзамон, таърихи қарзии ӯ бояд ба талаботи дохилии ҳадди ақал яке аз бонкҳои тиҷоратии иштирокдори барнома ҷавобгӯ бошад.
Илова бар ин, ба номи довталаб ё ҳамсараш дар ягон минтақаи ҷумҳурӣ набояд манзили истиқоматӣ бо ҳуқуқи моликият ба қайд гирифта шуда бошад. Ҳаҷми даромади миёнаи моҳонаи оила низ бояд ба меъёрҳои иҷтимоии муқарраргардида мутобиқат намояд.
Барои гирифтани субсидия метавон бо яке аз роҳҳои зерин ариза пешниҳод кард:
тавассути муроҷиати мустақим ба Марказҳои хизматрасонии давлатӣ;
бо истифода аз замимаи мобилии myGov;
ё тавассути портали my.gov.uz.