Фарзанди хуб – боғи падар ва сипари Ватан

Тарбияи фарзанди ватандӯст аз оила оғоз меёбад ва бо ҳифзи Ватан камол меёбад. Қадршиносии падаре, ки чунин фарзандро ба воя расонидааст, дар асл арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси оила, меҳанпарастӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Маросими тақдими нишони сарисинагии «Ба падари муҳофизи Ватан» ба Халос Тағоев дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ боз як далели равшани он аст, ки ҷомеа имрӯз хидмати волидони тарбиятгарро баланд арзёбӣ мекунад. Агар хоҳӣ Ватан обод бошад, аввал оиларо обод соз – ин ҳикмати халқӣ имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Оила нахустин мактаби инсон аст ва маҳз дар ҳамин муҳит меҳри Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба халқу давлат ва масъулиятшиносӣ шакл мегирад. Ҷомеае, ки ба заҳмати падару модар эҳтиром мегузорад, барои тарбияи насли солиму худогоҳ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар ҳамин рӯҳия дар муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 17-уми ноҳияи Нурато маросими тантанавӣ бахшида ба қадрдонии падари лейтенанти калон Мансур Тағоев – Халос Тағоев баргузор гардид. Бо иштироки фаъолони маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон, ҷавонон ва тарбиятгирандагони кӯдакистон ба ӯ нишони сарисинагии «Ба падари муҳофизи Ватан» супурда шуд.

Ин маросим танҳо як чорабинии тантанавӣ набуд. Он ба минбари андешаронӣ дар бораи масъулияти оила дар тарбияи фарзанд, нақши падару модар дар ташаккули шахсияти ҷавонон ва аҳамияти ҳифзи сулҳу суботи кишвар табдил ёфт.

Омӯзгори собиқадор Рашид Имомназаров аз рӯзгору фаъолияти ибратбахши Халос Тағоев ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳар як дастоварди фарзанд пеш аз ҳама самараи тарбияи падару модар аст. Ба гуфтаи ӯ, оилаи Х. Тағоев ҳамчун яке аз оилаҳои намунавии маҳаллаи «Каттасой» бо меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ ва тарбияи фарзандони соҳибмаърифат миёни мардум обрӯи баланд дорад.

Муҳофизи Ватан дар қисми ҳарбӣ ба камол намерасад, балки дар оғӯши оила, дар тарбияи падару модар ва дар фазои меҳру муҳаббат ба Ватан шакл мегирад, – таъкид гардид дар ҷараёни ҳамоиш. Ин андеша воқеияти ҷомеаи имрӯзаро бозгӯ мекунад.

Лаҳзаи таъсирбахши чорабинӣ супоридани нишони сарисинагии «Ба падари муҳофизи Ватан» аз ҷониби раиси маҳаллаи «Каттасой» Орзумурод Рӯзиев ба Халос Тағоев буд.

Ин қадршиносӣ рамзи эҳтиром ба падарест, ки бо заҳмати ҳалол ва тарбияи дуруст фарзандеро ба камол расондааст, ки имрӯз дар сафи муҳофизони Ватан хизмати содиқона анҷом медиҳад.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгори бознишаста Суяр Ҳайдаров, директори мактаби рақами 43 Нурулло Солеҳов, рӯзноманигор Фаридун Йӯлдошев ва дигарон доир ба аҳамияти тарбияи ватандӯстӣ, масъулияти ҷавонон дар назди ҷомеа ва нақши муҳофизони Ватан дар таъмини сулҳу оромӣ суханронӣ карданд.

Кӯдакони кӯдакистон бо либосҳои ҳарбӣ машқҳои варзишӣ ва барномаҳои саҳнавӣ намоиш дода, духтарон бо рақсу сурудҳои дилнишин фазои идонаро ранги тоза бахшиданд.

Имрӯз қадршиносии падароне, ки фарзандони содиқу меҳанпараст тарбия мекунанд, ба як анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Ин гуна чорабиниҳо ҷомеаро ба он раҳнамун месозанд, ки тарбияи фарзанд масъулияти муштараки оила, мактаб ва ҷомеа мебошад.

Беҳуда нест, ки халқ мегӯяд: «Фарзанди хуб – боғи падар». Агар ин фарзанд бо садоқат марзу буми Ватанро ҳифз кунад, он боғ меваи пурбор медиҳад. Халос Тағоев ва дигар падароне, ки чунин фарзандонро ба камол расонидаанд, бо амали худ исбот мекунанд, ки ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар муҳити оила парвариш меёбад.

 

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: