Хазинаи пинҳони диёр

ё худ мактаби ибрати шайх Саййид Носирхон

Дар таърихи ҳар як миллат бузургоне ҳастанд, ки бо амалҳои солеҳ, заҳмати беминнат ва қалби саршори муҳаббат ба Ватан ба виҷдони зиндаи халқ мубаддал мегарданд. Аз зумраи чунин шахсиятҳои барҷаста, вориси муносиби аҷдоди бузург ва давомдиҳандаи сулолаи Тирмизиён, шайх Саййид Носирхон Эшонбобо (Носирхон Тӯрақулов) буданд. Мавсуф умри бобаракати худро пурра ба хидмати халқу диёр бахшида, дар синни мубораки 102 (30-юми июни соли 2026) амонати худро ба Ҳақ супориданд.

Ҳазрати Шайх Саййид Носирхон Тӯра дар ҷодаи сулук ва тариқат аз силсилаи Хоҷагони Нақшбандия баҳравар буда, илму иршодро аз Пири комил Эшони Қурбонҷони Бойсунӣ гирифтаанд. Бо риояи усули тиллоии таълимоти Нақшбандия – «Даст ба кору дил ба ёр»  эшон ҳамеша парҳезкорию тақворо пешаи худ сохтаанд.

Носирхон Эшонбобо соҳиби маълумоти олии соҳавӣ буда, Донишкадаи давлатии кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм карда буданд. Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, эшон дониши назариявӣ ва таҷрибаи амалии худро ба кор бурда, дар адирҳои лалмӣ ва беоби деҳаи Тоғчии кӯҳистони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё хоҷагии фермериеро таъсис доданд ва бо нияти нек онро «Боғу бӯстон» номиданд.

Бо шуҷоату заҳмати бениҳоят, ин мӯйсафеди боғайрат ба 300 гектар адиру теппаҳои хушку ташна об бароварда, боғҳои доманадор бунёд намуданд. Имрӯз аз ин боғҳо анвои мухталифи меваҷот ба дасторхони мардуми кишвар ва берун аз он оварда мешавад. Ин меҳнати камназири эшон аз ҷониби ҳукумат ва Президенти мамлакат баланд қадрдонӣ шуд. Эшон дар озмуни ҷумҳуриявии «Ташаббус» сазовори ҷойи аввал ва соҳиби мукофоти Президент – автомобили сабукрав гардидаанд.

Барандаи Мукофоти давлатии ба номи Берунӣ, профессори илмҳои кишоварзӣ Аваз Авлиёқулов қайд карда буд, ки усули боғдории Носирхонҳоҷӣ дар шароити камоб ва теппаҳои кӯҳӣ бояд дар донишгоҳу коллеҷҳои кишвар ҳамчун як дастури муҳими таълимӣ  омӯзонида шавад. Ҳатто боғдорони Туркия, аз ҷумла, роҳбарони ширкатҳои ниҳолпарварии вилояти Измир ва шаҳри Бурса Ҷаҳит Пишкин ва Оқтай Чанҷӣ, пас аз дидани ин боғҳо ба ҳайрат омада, онро як муъҷизаи воқеӣ дар рӯйи замин номиданд.

Носирхонҳоҷӣ тамоми даромади бадастовардаи худро аз боғдорӣ барои корҳои хайру эҳсон сарф мекарданд, ба хонаҳои меҳрубонӣ, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманди маҳалла кӯмак мерасонданд. Ҳар сол «сайри тут» ташкил намуда, дар арафаи идҳои Наврӯз, Рамазон ва Қурбон хайрияҳои калон анҷом медоданд.

Дар деҳаи Тоғчӣ таҳти сарпарастии бевоситаи ин инсони шариф мактаби нав, пулҳо сохта шуданд, роҳҳо асфалтпӯш гардида, хати оби ошомиданӣ ва газ кашида шуд. Яке аз амалҳои охирини бузурги бунёдкоронаи эшон пеш аз маргашон – дар деҳа сохтани бинои муосири табобатӣ ва хидматрасонии тиббӣ аз ҳисоби маблағи шахсии худ ва ба таври ройгон тақдим намудани он ба иттиҳодияи тиббии ноҳия мебошад.

Шахсияти Носирхонбобо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоси аҳли илму адаб қарор дошт. Қалами тавонои адибон ва қаҳрамонони халқ дар васфи эшон чунин нигоштааст:

«Вақте ман Носирбобои сариосиёиро мебинам, сират ва тинати мутафаккири бузург Мир Алишер Навоӣ дар назарам ҷилвагар мешавад». (Абдулло Орипов, Қаҳрамони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон).

«Ба назарам, дар боғҳои Носирхонҳоҷӣ себҳоро фариштаҳо чида гузоштаанд... Дар ин ҷо осоиштагӣ ва файзе ҳаст, ки одам худро дар боғи афсонавӣ ҳис мекунад».  (Худойбердӣ Тӯхтабоев, Нависандаи халқии Ӯзбекистон).

Раиси Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ба ин боғбони дилҳо шеъре бо номи «Боғ» бахшидааст.

Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва олимпиада оид ба бокс, фарзанди барӯманди Сариосиё Баҳодур Ҷалолов, ки ҳамеша ба зиёрати Носирхонбобо меомад, чунин мегӯяд: «Ман ҳар гоҳи ба Сариосиё омаданам ба назди Носирхон Эшонбобо мешитофтам ва аз дуову насиҳатҳои эшон оромии рӯҳ ва илҳоми нав мегирифтам».

Носирхон Эшонбобо соҳиби оилаи калон – 10 фарзанд, садҳо набераю абера ва чабераҳо буданд, ки имрӯзҳо дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил ва фаъолият намуда, ба рушди Ватан саҳм мегузоранд. Эшон ҳатто дар ин синни муборак мутолиаи китобро қатъ накарда, намунаи олии шиори «Зи гаҳвора то гӯр дониш омӯз» буданд. Рӯзгори шарафманди ин инсони заҳматкаш ва озода як мактаби ҳақиқии ҳаёт ва дарси ибрат барои насли ҷавон аст. Номи нек ва боғу бӯстони бунёдкардаи Сайид Носирхон Эшонбобо дар қалби халқ то абад зинда хоҳад монд.

 

Фозилҷон ШУКУРӢ,

доктори фалсафа (PhD) оид ба улуми суханшиносӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: