Мунтахаби ҷавонони духтаронаи то 20-солаи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Виктория Сирота дар даври ниҳоии мусобиқаи CAFA U-20 Women’s Championship 2026, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бар тими мизбон — мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 7:0 пирӯз шуда, унвони қаҳрамони мусобиқаро ба даст овард.
Дар қисми аввали бозӣ Наргиза Маматалиева ҳисобро боз кард. Баъдан Шаҳзода Алихонова ду гол ба самар расонда, бартарии дастаи Ӯзбекистонро бештар намуд. Пеш аз анҷоми нимаи аввал капитани даста Шаҳноза Деканбоева низ номи худро дар рӯйхати голзанон сабт кард ва дастаҳо бо ҳисоби 4:0 ба танаффус рафтанд.
Дар қисми дуюм низ футболбоздухтарони Ӯзбекистон ташаббусро аз даст надоданд. Севинч Ғуломова баъди иҷрои зарбаи кунҷӣ голи панҷумро зад. Пас аз даҳ дақиқа Ёдгора Юсупова аз зарбаи пеналти ҳисобро 6:0 кард. Голи охирини вохӯриро дар дақиқаи 78 Мария Дахова ба самар расонд.
Бо ҳамин, мунтахаби ҷавонони духтаронаи то 20-солаи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Виктория Сирота мусобиқаро бо 7 имтиёз аз се бозӣ ба анҷом расонда, сазовори унвони қаҳрамони CAFA U-20 Women’s Championship 2026 гардид.