Маҳаллаҳои Тӯрақӯрғон обод мегарданд

Барои истиқболи иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз – 35-умин солгарди Истиқлолияти Ватанамон моҳи июл «Моҳи шукуфоӣ ва саховатмандӣ дар маҳалла» эълон карда шудааст.

Ин як ташаббуси муҳими умумимиллӣ буда, барои ба сатҳи нав баровардани ҳаёти маҳалла равона шудааст.

Ин ҳаракат, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон оғоз шудааст, барои тағйир додани намуди зоҳирии маҳаллаҳо, фароҳам овардани муҳити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ ва муттаҳид кардани мардум дар атрофи як мақсади нек хидмат хоҳад кард.

Дар ин хусус дар вилояти Намангон низ корҳои амалӣ ба пеш меравад. Ҳар як маҳалла бо мероси таърихӣ, меҳмоннавозӣ ва анъанаҳои худ фарқ мекунад. Агар ин таҷриба бо равиши замонавӣ муттаҳид карда шавад, маҳаллаҳо ба як намунаи воқеӣ табдил меёбанд. Дар доираи моҳона дар бораи пиронсолон, шахсони танҳо, ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта ва камбизоат маълумотҳо гирифта, хонаҳои онҳо таъмир карда мешавад. Ба онҳое, ки муҳтоҷӣ доранд, муоинаҳои тиббӣ ташкил карда мешавад.

Дар маҳаллаи Юқори Қодирободи ноҳияи Тӯрақӯрғон беш аз 200 хонавода мавҷуд ва дар онҳо зиёда аз 800 нафар  аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Соли гузашта мушкили обёрии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар доираи барномаи «Аз камбизоатӣ то шукуфоӣ» ҳал карда шуд. Имсол сокинон муттаҳид шуда, дар марҳилаи аввали лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» фаъолона иштирок намуда, 1 миллиарду 680 миллион сӯм ба даст оварданд. Ба наздикӣ 4420 метр роҳ ва 16 кӯчаи дохилӣ пурра асфалтпӯш карда шуд.

Дар доираи «Моҳи ободии маҳалла ва меҳрубонӣ» дар ин маскан низ корҳои тозагӣ, истифодаи самаранокии боғ ва рушди чорводорӣ ба амал оварда шуд.

– Барои чунин зиндагии зебову шароитҳои хуб Президентамонро дуо мекунем, – мегӯяд сокини маҳалла Муҳаббатхолаи 70-сола.

– Ҷавонии мо дар хонаҳои пастхаму кӯчаҳои танг гузашт... Ҳоло зиндагӣ дигар шудааст. Дар маҳаллаҳои ноҳияи Косонсой низ одамони одиро дидан мумкин аст, ки ташаббусҳои бузургро ба ӯҳда мегиранд. Аҳолӣ барои рушди қаламрави худ беҳтар кардани инфрасохтор ва иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоӣ талош мекунад. Ин раванд на танҳо шукуфоии маҳалларо таъмин мекунад, балки некӯаҳволӣ ва ягонагии аҳолиро низ тақвият медиҳад. 

«Янги Ӯзбекистон» яке аз чунин маҳаллаҳои фаъол ба шумор меравад. Дар солҳои охир инфрасохтори маҳалла беҳтар шудааст ва фаъолияти аҳолӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ афзоиш ёфтааст. Ҳоло деҳа бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин аст. Сутунҳои кӯҳнаи чӯби электр бо сутунҳои бетонии замонавӣ иваз карда шуда, таъминоти барқ беҳтар шудааст. Бо шарофати ҳамбастагии аҳолӣ 3 км. роҳҳои дохилӣ дар доираи лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» асфалтпӯш карда шуд.

Дар маҳалла коргоҳҳои хурд ва шохобчаҳои хидматрасонӣ низ пайдо шудаанд. Дар ин ҷо ҷавонон касбҳои гуногунро меомӯзанд ва соҳибкории худро таъсис медиҳанд.

– Сиру асрори механики автомобилиро аз падарам омӯхта будам ва ҳоло бо ин касб машғулам, – мегӯяд Исломҷон Исоқҷонов. – Пештар барои омӯхтани касбу ҳунар  ба маркази шаҳр рафтан лозим буд ва ин барои ҳама осон набуд. Дар маҳалла ҷавонони болаёқат бисёранд ва онҳо аз имкониятҳои додашуда истифода бурда қобилияти худро нишон медиҳанд ва ба рушд ва шукуфоии маҳалла хидмат мекунанд.

Фаъолияти занону духтарони косонсойиро алоҳида эътироф кардан лозим. Чунки дар ноҳия шумораи заноне, ки бо меҳнати ҷисмонӣ, пухтупаз ва истеҳсолоти хурд машғуланд, сол аз сол афзоиш меёбад. Ин илова бар афзоиши даромади оила, инчунин дар кишварамон ба тақвияти мавқеи занон хидмат мекунад.

– Ман бо меҳнати дастии худ касби дӯзандагиро оғоз кардам, – мегӯяд Васила Ҳомидова. – Бо гузашти вақт таҷриба омӯхтам, малакаи худро мунтазам такмил додам. Дар натиҷа, сехи хурди худро кушодам ва якчанд занони маҳалларо бо кор таъмин кардам. Ин сайъю кӯшиши ман даромади оилаамонро боз ҳам беҳтар кард. 

Мардум мисли пештара дигар мунтазири касе нестанд, ки омада мушкилотро ҳал кунад. Акнун ташаббус, амал ва масъулият дар авҷ. Хусусан, дар маҳаллаҳо тағйирот дар зеҳни одамон ташаббусҳои навро ба вуҷуд меорад.

 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори

«Овози тоҷик»

дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: