Қатораи «Тирмиз – Сариосиё» ҳаракат мекард. Дар рӯ ба рӯйи ман ҷавонзани тахминан 20-22 сола бо кӯдаки хурдсоли худ нишаста буд. Кӯдак беист мегирист. Модараш ӯро навозиш мекарду бо хаёли он ки ташна аст, об медод. Рангу рӯйи кӯдак заъфаронӣ ва худи ӯ нимҷон буд. Чеҳраи модар ба назар гирифта ва ғамгин менамуд.
Баъди тақрибан як соати ҳаракати қатора низ ҳанӯз кӯдак гиря мекард. Роҳиён норозиёна ба модару кӯдак менигаристанд. Ниҳоят ман аз ҳамсафари худ сабаби инҷиқиҳои фарзандашро пурсон шудам. Ҷавонзан оҳи сарде кашиду гуфт:
– Ҳамин рӯз аз беморхона ҷавоб шудем. Дер боз духтарчаам бемор аст. Духтурҳо мегӯянд, ки вай инфексия гирифтаасту бояд ҳатман табобат карда шавад. Аммо ман касе надорам, ки кӯмак расонад, то духтарчаам аз вартаи беморӣ раҳо гардад.
– Падараш куҷост? Магар вай ба фарзандаш дилсӯз нест? – пурсидам аз ҷавонзан.
– Мо ҷудо зиндагӣ мекунем, – гуфт ғамолудона ҷавонзан, ки Дилдора ном доштааст.
Ман аз ин пурсиши ноҷойи худ хиҷолат кашида хомӯш мондам. Лекин аз тифлаки хурдсол чашм намекандам. Вай хеле лоғару заиф буд. Аз гармии рӯз арақшор гардид ва шояд аз бисёр гиристан хаста шуд, ки ниҳоят ором гирифту хоб рафт.
Ҳисси кунҷковиам боло гирифту сабаби ҷудоиашонро пурсон шудам.
Дилдора дурудароз хомӯш истода, ниҳоят саргузашти пурсӯзашро баён намуд:
– Ман аслан зодаи як кӯҳистони дурдастам. Ду сол пеш ба як ҷавон аз ноҳияҳои қарибии Тирмизшаҳр ба шавҳар баромадам. Рӯзҳои аввал зиндагиамон орому осуда буд. Якдигарро мефаҳмидем. Хусуру хушдоманам низ одамони бад набуданд. Вале ин хушиву оромӣ дер давом накард. Аз рӯзе, ки духтарчаам таваллуд шуд, косаи обам дар он хона шӯр гардид. Намедонам аз чӣ бошад, духтарчаам аз рӯзҳои аввали таваллуд инҷиқӣ пайдо кард. Аз ин рӯ, хушдоманам зуд-зуд ғавғо мебардошт. Шавҳарам бошад, бо ман қариб гап намезад. Дар ҳама бобат бетарафиро ихтиёр карда буд. Аламовараш ин буд, ки баъзан гапи модарашро тасдиқ намуда, маро зери мушту лагад мегирифт. Ман дар аввал тоқат мекардам. Аммо оқибат тоқатам тоқ шуду кӯдаки нимҷонро гирифта ба хонаи модарам рафтам. Буду шуди гапро ба хонаводаамон фаҳмонидам. Лекин модарам ба ҷойи он ки маро тасаллӣ диҳад, маслиҳате дод, ки «латтаамро об бурд»...
Дилдора рӯяшро ба дигар тараф гардонд. Садои паст-паст гиря карданашро баръало мешунидам. Вай, пас аз фосилае илова намуд:
– Ҳа, бубахшед, ман гапи асосиро ба шумо нагуфтам. Модарам гуфт, ки ман бояд аз шавҳарам ҷудо шавам. Фақат бо як шарт: ё кӯдакамро ба хонаи шавҳарам монда меоям, ё ба ягон шахси кӯдакталаб фурӯхта ба хонаи падарӣ бармегардам. Аз ин маслиҳати ӯ қаҳрам омаду кӯдакамро бардошта, баромада рафтам. Охир, ман чӣ тавр ҷигарбанди худро зиндаятим месозам? Бар замми ин вай бемор асту ба муолиҷаи фаврӣ муҳтоҷ.
Пас аз шунидани саргузашти пурдарди Дилдора дурудароз ба андеша рафтам. Наход модаре, ки фарзандро бо хуни дил ба камол мерасонду барояш басо бедорхобиҳо мекашид, имрӯз ба ӯ – ба ҷигарбандаш чунин маслиҳатҳоро раво мебинад. Ҳеч боварам намеомад.
– Акнун ба куҷо равонаед, чӣ ният доред? – суол кардам аз Дилдораи шӯрбахт, ки тақдир чунин «мукофот»-ро барояш раво дидааст.
– Чӣ кор карданамро намедонам. Як апаву як холаам дар ноҳияи Деҳнав зиндагӣ доранд. Ҳозир ба хонаи холаам равонам. Ба апаам занг зада будам, вай ҳам фикри модарамро тасдиқ кард. Аз ин рӯ, ба хонааш қадам намемонам. Онҳо маро аз ҷигарбандам ҷудо кардан мехоҳанд. Ба онҳо кӯдаки нимҷони ман даркор набудааст. Вале ман то зиндаам, ба ин роҳ намедиҳам, – гуфт бо як ҷасорату қатъияти хос Дилдора ва тифлаки хобашро, ки гӯё ҳамин замон касе мерабуда бошад, сахттар оғӯш кард.
Аз суҳбат бо ин ҷавонзан маълум шуд, ки ӯ танҳо як ният дорад. Мехоҳад дар ягон ҷо кор карда маблағи муайяне пайдо кунад. Сипас тифлашро ба табобат бубарад. Зеро агар муолиҷа накунад, касалӣ оқибатҳои нохуш оварда метавонад.
Аз нақли ҷавонзан сахт ба ҳайрат афтодам. Наход, дар ҷомеа чунин падару модароне вохӯранд, ки нисбати фарзандони худ беэътибор бошанд. Аз ҷониби дигар аз таҳи дил ба Дилдораи ҷавон аҳсантҳо хондам, ки бо сабру тамкин барои зиндагӣ талош дорад, баҳри шифои кӯдакаш саъй менамояд. Оре, вай модар аст. Модаре, ки мехоҳад кӯдакаш сиҳҳату шикамаш сер бошад, тозаву озода ба камол расад. Виҷдони модариаш намегузорад, ки кӯдаки ноболиғашро зиндаятим кунад. Магар каманд оилаҳое, ки ба нохуни фарзанд зоранд. Пас чаро ӯ ба изни падару модараш гӯш диҳаду аз фарзандаш ҷудо гардад. Чаро?
С. МУҲАММАДҶОН.
Вилояти Сурхондарё.