Дар вилоятҳои Сурхондарё ва Ҷиззах қариб 9 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид

  • Дар вилоятҳои Сурхондарё ва Ҷиззах қариб 9 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид
  • Дар вилоятҳои Сурхондарё ва Ҷиззах қариб 9 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид

Кормандони Хадамоти давлатии амният дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ду ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ дар вилоятҳои Сурхондарё ва Ҷиззах қариб 9 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Нахустин амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Термизи вилояти Сурхондарё баргузор гардид. Дар як қитъаи кишоварзӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 4 килограмм ҳашишро, ки аз ҷониби шахсони номаълум партофта шуда буд, пайдо карданд. Маводи мухаддир мусодира гардида, парванда тибқи тартиби муқарраргардидаи мурофиавӣ ба расмият дароварда шуд.

Дар ҳолати дуюм кормандони Раёсати Хадамоти давлатии амният дар вилояти Ҷиззах дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ сокини соли таваллудаш 1981-и ноҳияи Зарбдорро дар шаҳри Ҷиззах боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови халтаи ӯ 4 килограмму 840 грамм растании каннабис дарёфт гардид, ки ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.

Аз рӯи ҳар ду ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Айни замон амалҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян намудани ҳамаи шахсони ба ин ҷиноятҳо дастдошта идома доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: