Барои донишгоҳҳои хориҷӣ ва ғайридавлатӣ 1452 гранти давлатӣ ҷудо шуд

Бо фармони дахлдори вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳо барои соли таҳсили 2026–2027 параметрҳои 1452 гранти давлатӣ барои донишгоҳҳои хориҷӣ ва ғайридавлатие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, тасдиқ гардид.

Қабули довталабон ба донишгоҳҳои хориҷӣ ва ғайридавлатӣ дар давраи июн – сентябр баргузор мешавад. Пас аз анҷоми пурраи маъракаи қабул, довталабоне, ки ба таҳсил дар асоси шартномаи пардохтӣ тавсия мешаванд, метавонанд барои дарёфти гранти давлатӣ аз рӯйи самтҳои таҳсиле, ки барои онҳо грант ҷудо шудааст, дар озмун иштирок намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: