Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Низом «Дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар самти маориф ва варзиш тавассути тақдими роҳхат ба барномаи «Саёҳат дар саросари Ӯзбекистон»» тасдиқ гардид.
Тибқи ин низом, хонандагону ҷавононе, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ғолиб мешаванд, бо роҳхат барои саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар ҳавасманд гардонида мешаванд.
Аз ҷумла, ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявӣ соҳиби роҳхат барои саёҳати серӯза ба мавзеъҳои сайёҳии Ӯзбекистон мегарданд. Ғолибони марҳилаи вилоятӣ бошанд, барои саёҳати дурӯза ба мавзеъҳои сайёҳии яке аз вилоятҳои дигари ҷумҳурӣ роҳхат дарёфт мекунанд.
Мутобиқи ҳуҷҷат, иштирокчиёни саёҳат на дертар аз 10 рӯз пеш аз баргузории он аз сана ва макони сафар огоҳ карда мешаванд.
Ҳамчунин, тамоми хароҷоти сафар, аз ҷумла хизматрасонии нақлиёт, ҷойи зист ва хӯрок, экскурсияҳо (хидмати роҳбалад ва чиптаҳои вуруд ба мавзеъҳои сайёҳӣ), инчунин суғуртаи сафар аз ҷониби ташкилкунандагон пардохт мегардад.