Нисбат ба ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби Раёсати вилояти Сирдарёи Департаменти назди Прокуратураи генералӣ гузаронида шуд, ёвари табиби шуъбаи Санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятии шаҳри Гулистон М.А. ҳангоми гирифтани 300 доллари ИМА ва 1,2 миллион сӯм дастгир гардид.
Тибқи маълумот, ӯ ба намояндаи ҶДММ «M.M.» ваъда додааст, ки гӯё тавассути шиносҳои худ дар мансабҳои баланд барои маҳсулоти тайёри хӯроквории ин ширкат хулосаи мусбати санитарӣ гирифта медиҳад.
Ҳамчунин, дар як амалиёти муштараки кормандони шуъбаи ноҳияи Тайлоқи Департамент ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табиби санитарии шуъбаи Кумитаи санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятии ноҳияи Тайлоқ Ф.Б. боздошт шуд. Ӯ барои расмӣ намудани хулосаи санитарӣ-гигиенӣ ба сехи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкори инфиродӣ «С.Э.» 9 миллион сӯм талаб карда, аз маблағи мувофиқашуда 400 доллари ИМА гирифтааст. Ҳангоми санҷиш инчунин муайян гардид, ки қаблан низ бо роҳи қаллобӣ 100 доллари ИМА ва 500 ҳазор сӯмро соҳиб шудааст.
Дар вилояти Хоразм низ зимни як амалиёти фаврӣ корманди шуъбаи Санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятии шаҳри Урганҷ Ғ.А. ҳангоми гирифтани 2,4 миллион сӯм дастгир гардид. Ӯ ба шаҳрванд Б.Д. ваъда додааст, ки гӯё тавассути шиносҳои худ барои кушодани як нуқтаи хӯроки умумӣ дар шаҳри Урганҷ иҷозатнома расмӣ намуда, инчунин дар давоми шаш моҳ нисбат ба фаъолияти он ҷарима татбиқ намешавад.
Дар вилояти Намангон бошад, ёвари табиби шуъбаи Санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятии шаҳри Намангон А.С., ки қаблан низ суд шудааст, ҳангоми гирифтани 1,2 миллион сӯм боздошт гардид. Ӯ барои ба номи шаҳрванд М.О. гирифтани хулосаи мусбат ҷиҳати ифтитоҳи муассисаи хусусии томактабӣ маблағ талаб кардааст.
Нисбат ба ҳамаи ҳолатҳои зикршуда тибқи моддаҳои 25, 168 (қаллобӣ) ва 25, 211 (порадиҳӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.