Ӯзбекистон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии худро бо кишварҳои узви Бонки рушди АвруОсиё (Евразийский банк развития – ЕАБР) пайваста тақвият мебахшад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ҷумҳурӣ ва давлатҳои узви ин бонк ба 19,3 миллиард доллари ИМА расидааст, ки нисбат ба соли 2020 ду баробар зиёд мебошад.
Айни ҳол тақрибан 30 фоизи ҳаҷми умумии савдои хориҷии Ӯзбекистон ба Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Ӯзбекистон ба ҳайси ҳафтумин кишвари узви Бонки рушди АвруОсиё пазируфта шуд. Аллакай соли 2026 бонк ба татбиқи амалии лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ оғоз намуда, ташаккули сандуқи сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориро бо шарикони ӯзбекистонӣ роҳандозӣ кардааст.
Дар миёни кишварҳои узви БРА бузургтарин шарики тиҷоратии Ӯзбекистон Русия боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2025 ба 11,7 миллиард доллари ИМА баробар гардид. Дар ҷойи дуюм Қазоқистон қарор дошта, ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо ин кишвар 4,7 миллиард доллар-ро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, ба Русия ва Қазоқистон тақрибан 85 фоизи гардиши молии Ӯзбекистон бо кишварҳои узви Бонк рост меояд.
Дар сохтори воридоти Ӯзбекистон аз кишварҳои БРАО асосан нафт ва маҳсулоти нафтӣ, филизоти сиёҳ, чӯбу тахта, ғалладона ва маҳсулоти саноати металлургӣ ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунанд. Дар навбати худ, Ӯзбекистон ба ин кишварҳо маҳсулоти саноати сабук ва маҷмааи агросаноатӣ, аз ҷумла либос, меваю чормағз, сабзавот, пахта ва ҷузъҳои эҳтиётии автомобил содир мекунад.
Густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иштироки Ӯзбекистон дар Бонки рушди Авруосиё барои ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва саноатӣ, рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва таҳкими бештари робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаи АвруОсиё имкониятҳои нав фароҳам меорад.