Ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи нав мебароянд

  • Ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи нав мебароянд
  • Ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи нав мебароянд
  • Ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи нав мебароянд

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, ки бо сафари корӣ дар Афғонистон қарор дорад, дар шаҳри Кобул як қатор мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Зимни суҳбати самимӣ бо вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон Нуруддин Азизӣ таъкид гардид, ки дар солҳои охир муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Ӯзбекистону Афғонистон, инчунин ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд.

Ҳамчунин ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Ҷамшид Хоҷаев бо роҳбари Дафтари корпоратсияҳои давлатии Афғонистон Мавлавӣ Аҳмадҷон Билол мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров низ иштирок дошт.

Зимни музокирот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд шуд, ки соҳибкорони вилояти Фарғона ва Афғонистон имрӯз аллакай як қатор лоиҳаҳои умедбахши муштаракро амалӣ менамоянд.

Дар идомаи сафари корӣ ҳайати соҳибкорон таҳти роҳбарии Хайрулло Бозоров ба шаҳри Мазори Шариф, яке аз марказҳои муҳими иқтисодиву тиҷоратии Афғонистон, ташриф овард.

Дар доираи сафар вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Афғонистон баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои саноатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро баррасӣ намуданд.

Ҳайати Ӯзбекистон инчунин аз зиёратгоҳи таърихии «Равзаи Шариф» боздид кард.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими сафар ифтитоҳи Хонаи тиҷоратии вилояти Фарғона дар шаҳри Мазори Шариф буд. Ин марказ барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Балхи Афғонистон заминаи нав фароҳам меорад.

Дар маросими ифтитоҳ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, намояндагони мақомоти расмӣ ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ширкат варзиданд. Таъкид гардид, ки таъсиси ин марказ имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро фароҳам хоҳад овард.

Дар доираи сафар Хайрулло Бозоров ҳамчунин бо устондори Балх Муҳаммад Юсуф Вафо мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, инчунин робитаҳои фарҳангиву гуманитарии байни ду вилоят муҳокима шуда, роҳҳои ба сатҳи нав баровардани шарикии байниминтақавӣ муайян гардиданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Мазори Шариф Форуми тиҷоратии Фарғона ва Балх баргузор шуд, ки дар он соҳибкорони ду минтақа ширкат варзиданд. Дар ҷараёни форум дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардида, як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо расиданд.

Дар ҳамоиш ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, роҳбарияти вилояти Балх, намояндагони палатаҳои савдо ва саноат, инчунин намояндагони беш аз 300 ширкату корхона ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок карданд.

Хайрулло Бозоров зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Афғонистон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, ба рушди робитаҳои мустақими байниминтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: