Дар Кувасой қаллобон ваъда доданд, ки 32 сотих заминро расмӣ мекунанд ва 5 ҳазор долларро аз худ карданд

Дар ҷараёни санҷиши пешазтафтишотӣ, ки аз ҷониби шуъбаи Департаменти назди Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Кувасойи вилояти Фарғона гузаронида шуд, муайян гардид, ки шаҳрвандон С.Г. ва Х.С. бо маслиҳати пешакӣ ба шаҳрванд В.Э. ваъда додаанд, ки қитъаи замини масоҳаташ 32 сотихро, ки дар захираи ҳокимияти ноҳия қарор дорад, ҳамчун замин барои сохтмони манзили инфиродӣ расмӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки барои қонунӣ нишон додани амалҳои худ онҳо парвандаи қалбакии кадастриро таҳия намуда, ба ҷабрдида пешниҳод карданд ва бо роҳи қаллобӣ 5 000 доллари ИМА-ро аз худ намуданд.

Дар ҷараёни санҷиш тибқи тартиби муқарраргардида 2 400 доллари ИМА ва 7,2 миллион сӯм баргардонида шуд.

Аз рӯи ин ҳолат бо моддаҳои 168 (қаллобӣ) ва 228 (сохтан, қалбакӣ кардан, фурӯш ё истифодаи ҳуҷҷатҳо, мӯҳрҳо ва бланкҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон корҳои тафтишотӣ идома доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: