Таътили тобистонаи кӯдакон пурмазмун мегузарад

Тобистон барои кӯдакон на танҳо айёми истироҳат, балки фурсати муносиб барои азхуд кардани донишҳои нав, фароғати шавқовар ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Аз ин рӯ, дар кишвари мо ба ташкили пурмазмуни таътили тобистона, ҳифзи саломатии кӯдакон ва самаранок истифода бурдани вақти холии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Имрӯз истироҳатгоҳҳои бачагонаи кишвар, ки дар минтақаҳои гуногун фаъолият доранд, аз хандаҳои кӯдакон ва садоҳои шавқангез онҳо лабрезанд. Ин муассисаҳо на танҳо ҷойи истироҳат, балки мактаби тарбияи насли солим, рушди истеъдодҳо ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву ҳамбастагӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин масканҳо кӯдакон аз ҳавои тоза баҳра бурда, дар майдончаҳои варзишӣ машқ мекунанд, маҳорати худро дар шиноварӣ, футбол, волейбол, шоҳмот ва дигар намудҳои варзишу чорабиниҳои фарҳангӣ сайқал медиҳанд.

Дар Ӯзбекистони Нав ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар соҳаҳои маориф, варзиш, маънавиёт ва ташкили фароғати кӯдакон амалӣ мешаванд, далели равшани ин таваҷҷуҳ мебошанд.

Дар вилояти Намангон низ дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар истироҳатгоҳи «Меҳрҷон», ки дар ноҳияи Чуст воқеъ аст, барои истироҳату фароғати кӯдакон тамоми шароити замонавӣ муҳайё шудааст. Майдончаҳои варзишӣ, маҳфилҳои касбӣ ва эҷодӣ, инчунин хидматрасонии босифати тиббӣ ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи наврасон мусоидат мекунанд.

Саломатии кӯдакон таҳти назорати доимии кормандони тиб қарор дорад. Ғизои босифат, риояи қатъии талаботи санитариву гигиенӣ ва ғамхории мураббиёни соҳибтаҷриба эътимоди падару модаронро боз ҳам бештар мегардонад. Бехатарӣ, некӯаҳволӣ ва саломатии ҳар як кӯдак дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Дар фароғатгоҳ кӯдакон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамчун аъзои як оилаи дӯсту ҳамдигарфаҳм зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои ҳамдигар шинос шуда, эҳтиром, дӯстӣ ва ҳамбастагиро дар худ тақвият мебахшанд.

«Меҳрҷон» барои қабули 120 нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин аст. Таассуроти кӯдакон ва волидон низ аз муҳити оромгоҳ гувоҳи ин аст.

– Пештар таътили тобистонаро асосан дар хона мегузарондам, – мегӯяд хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 1-и шаҳри Намангон Фаррух Исматуллоев. – Имсол бори аввал ба оромгоҳ омадам. Дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё аст. Дӯстони зиёде пайдо кардам ва ҳар рӯзи мо бо машғулиятҳои ҷолиб сипарӣ мешавад. Ҳаваси ман ба варзиш боз ҳам бештар гардид. Ин таътили тобистона барои ман хотирмон хоҳад монд.

Хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 12-уми ноҳияи Чуст Мадина Мукаррамова мегӯяд:

– Ба ман маҳфилҳои мутолиа ва эҷодкорӣ хеле писанд омаданд. Ҳар рӯз чизҳои нав меомӯзем ва ҳатто пай намебарем, ки вақт чӣ гуна мегузарад. Мо шабнишиниҳои эҷодӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзиширо бесаброна интизор мешавем, зеро имкони хубе дорем, ки истеъдод ва маҳорати худро нишон диҳем.

– Фарзандам ҳар рӯз бо рӯҳияи болида ва таассуроти нав ба ман занг мезанад, – мегӯяд модари яке аз истироҳаткунандагон Сарвинозхон. – Ӯ аз ин пеш ҳеҷ гоҳ мустақилона дур аз хона набуд. Ҳоло бошад, мебинам, ки мустақилона фикр мекунад, озодона андешаи худро баён месозад ва дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок дорад. Бовар дорам, ки чунин фароғатгоҳҳо дар тарбияи фарзандон нақши хеле муҳим доранд.

Ин андешаҳои самимӣ гувоҳи онанд, ки шароит  дар истироҳатгоҳи «Меҳрҷон» ба кӯдакон имконият медиҳад, то саломатии худро мустаҳкам созанд, ҷаҳонбиниашонро васеъ намоянд, истеъдодҳои худро рушд диҳанд ва бо неруи тоза ба соли нави таҳсил баргарданд.

 

Отабек Қобилов,

ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: