Ним аср бо рӯзнома

Субҳ дар идора яксон оғоз меёбад. Рӯзноманигорон сатрҳои охирини навиштаи худро ба анҷом мерасонанд, муҳаррирон саҳифаҳоро бори дигар бодиққат мутолиа мекунанд, саҳифабандон шумораро барои чоп омода месозанд. Сипас навбати кори шахсе мерасад, ки шумораи навбатиро бо диққати хоса мехонад. Шуғли ӯ ошкоро нест, вале дурустии ҳар калима, ҳар ному насаб ва ҳар сана маҳз аз заҳмати ӯ вобаста мебошад.

Мусаҳҳеҳи калони рӯзномаҳои вилоятии муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Рим Мустақимов бо садоқат инак панҷоҳ сол аст, ки чунин масъулиятро дорад.

Чанде пеш меҳнати чандинсолаи ӯ бо Фармони Президент бо ордени «Дӯстлик»  мукофотонида шуд. Мукофоти олӣ ба ӯ барои саҳми арзандааш дар рушди озодии сухан ва матбуот, таҳкими равандҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият, фаъолияти ҷамъиятӣ ва садоқати чандинсолаи касбӣ супурда шуд. Аммо дар паси ин ҷумлаҳои расмӣ умри пурмазмуне қарор дорад, ки куллан ба сухан ва матбуот бахшида шудааст.

Касбе, ки ба сарнавишт табдил ёфт

Рим Мустақимов соли 1977 бори аввал ба идораи рӯзнома омад. Он замон ҳатто тасаввур намекард, ки қариб тамоми умри худро дар ин ҷо сипарӣ хоҳад кард. Аввал китобдор буд, баъдан касби мусаҳҳеҳиро аз худ кард. Дар ин муддат наслҳои зиёди рӯзноманигорон, муҳаррирон иваз шуданд, мошинкаҳои чопӣ ҷойи худро ба компутерҳои замонавӣ доданд, технологияи чопи рӯзнома дигар шуд, вале як чиз – эҳсоси масъулият нисбати сухан, касб ва хонанда бетағйир монд.

– Иштибоҳ танҳо дар назари аввал хурд менамояд, – мегӯяд Рим Мунирович. – Агар инсон ба рӯзнома эътимод дошта бошад, мо ҳақ надорем ин бовар ва эътиқоди ӯро ба эътибор нагирем...

Маҳз ҳамин раванд солҳо боз роҳнамои фаъолияти ӯст. Барои ӯ мусаҳҳеҳӣ танҳо касб нест, балки масъулияти ҳаррӯза барои сифати ҳар шумораи рӯзнома, обрӯи нашрия ва эҳтиром ба хонанда мебошад.

«Ҳар субҳ табассум кунед…»
Ҳамкоронаш ин суханони Рим Мунировичро кайҳост, ки  ба шиори зиндагии худ табдил додаанд.

– Ҳар субҳ, чун аз хоб бедор мешавед, ҳатман табассум кунед, – таъкид мекунад вай. – Зеро на ҳар кас тавону имкон ва бахти бедор шудан дорад. Агар Парвардигор барои шумо рӯзи нав ато кард, пас аллакай барои шод будан сабаб ҳаст. Барои ҳар рӯзи зиндагӣ шукргузор бошед, ҳалол меҳнат кунед ва ҳамеша инсон бимонед.

Ин андешаи сода, вале пурмаънӣ, таҷассуми равшани симои воқеии Рим Мунировичи тотор аст. Ӯро асабонӣ ё норозӣ тасаввур кардан душвор. Ҳамкоронро ҳамеша бо чеҳраи кушода пешвоз мегирад, бо суханони нек рӯҳбаланд месозад ва ҳеҷ гоҳ аз кумак рӯй намегардонад.

«Амаки Рим»

Ӯро дар идора ҳамагон бо меҳр ҳамин тавр меноманд. Ин муроҷиат на аз рӯйи синну сол, балки бинобар эҳтироми самимии ҳамкорон ба миён омадааст.

– Вақте ин ҷо омадам, хеле ҷавон будам, – ёд меорад ӯ. – Бо муҳаррирон, рӯзноманигорон ва кормандони зиёди техникӣ ҳамкорӣ кардам. Шоҳиди он будам, ки бисёр ҷавонон дар рузноманигорӣ қадамҳои нахустин гузошта, баъдан ба устодони ҳақиқӣ табдил ёфтанд, оила барпо карданд, фарзанд ба воя расониданд. Мо идҳоро якҷо пешвоз мегирифтем, рӯзҳои душворро низ якҷо паси сар менамудем, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Мутаассифона, алҳол бисёре аз ҳамкорон дар канорамон нестанд, аммо хотираи неки онҳо дар дилу ёдҳо боқист. Барои Рим Мунирович идораи рӯзнома кайҳо боз ба хонаи дуюм табдил ёфтааст. Зеро қисмати зиёди умраш маҳз дар ҳамин ҷо гузаштааст.

Дар ҳамин ҷо дӯстони самимӣ пайдо кард, ки беҳтарин хотираҳои зиндагиаш бо онҳо пайванд доранд.

Рӯзноманигорони ҷавон мегӯянд: ҳар боре, ки матлаби худро барои мутолиа ба Амаки Рим месупоридем, мутмаин будем, ки ӯ на танҳо иштибоҳҳоро ислоҳ мекунад, балки ҳатман матнро боз ҳам беҳтару бомаънитар хоҳад кард. Ӯ ҳеҷ гоҳ овоз баланд ва касеро сарзаниш намекунад. Вай бо ибрати шахсӣ эҳтиром ба забон ва касбро меомӯзонад.

На танҳо мусаҳҳеҳ...

Рим Мунировичро танҳо ҳамчун мусаҳҳеҳи соҳибтаҷриба намешиносанд. Ӯ  солҳои зиёд ба эҷодиёт низ машғул аст.
Мавсуф ҳикоя, очерку лавҳа ва ҳаҷвияҳое навиштааст, ки дар онҳо хислатҳои неки инсонӣ, лаҳзаҳои зиндагӣ ва ҳазли нозуку некбинона бо маҳорати баланд инъикос ёфтаанд.

Навиштаҳои ӯ бо мушоҳидакории амиқ, сабки равону сода ва самимияти хос фарқ мекунанд. Ӯ дар одитарин воқеаҳо ҷанбаҳои ғайриодиро мебинад ва ҳазлаш ҳеҷ гоҳ касеро намеранҷонад. Баръакс, хонандаро водор месозад, ки табассум кунад ва ба зиндагӣ бо нигоҳи некбинона назар андозад.

Эътирофи садоқат ба сухан

Алъон, ки хабар метавонад дар чанд сония паҳн гардад, меҳнати онҳое арзиши бештар пайдо мекунад, ки ба равандҳои касбии худ содиқ буда, фарҳанги забон ва сифати сухани чопиро ҳифз мекунанд. Ордени «Дӯстлик», барҳақ эътирофи шоистаи фаъолияти бисёрсолаи Рим Мустақимов аст. Аммо, шояд, гаронбаҳотарин мукофот барои ӯ эҳтироми ҳамкорон, сипоси хонандагон ва дарки он бошад, ки ним асри умри худро ба касби дӯстдоштааш бахшидааст.

Ӯ то ҳол ҳар субҳ бо ҳамон табассуме, ки онро ба дигарон илқо мекунад, вориди идораи рӯзнома мешавад. Ин табассум имрӯз рамзи муносибати ӯ ба зиндагӣ, рамзи меҳрубонӣ гардидааст.

 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори “Овози тоҷик”

дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: