Ливои дӯстӣ парафшон бод!

Боре бино ба тақозои зиндагӣ муддате чун муҳоҷири меҳнатӣ дар Қрими Федератсияи Русия будам. Аммо ин дурӣ танҳо муҳоҷират набуд. Он барои ман ба мактаби омӯзиши ҳаёт, шинохти одамон ва дарки амиқтари арзишҳои дӯстиву инсонгароӣ табдил ёфт.

Қрим нимҷазираи зебоманзарест, ки дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир буда, дар тӯли таърих ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлатҳои гуногун қарор доштааст. Соли 2014, баъди раъйпурсии умумӣ, Қрим ба ҳайати Федератсияи Русия шомил гардид. Пеш аз ин қисми таркибии Украина буд. Ин воқеа сабаби ихтилофҳои ҷиддии сиёсии миёни ду кишвари ҳамсоя гардида ва то имрӯз идома дорад.

Дар нимҷазира баробари миллатҳои дигар тақрибан ним миллион тоторҳои Қрим зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳанӯз 17 майи соли 1944 бо фармони роҳбари вақти ИҶШС Иосиф Сталин аз сарзамини аҷдодӣ иҷборан ба ин ҷо кӯчонида шудаанд, як қисми ин мардум ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам фиристода шуда буданд.

Сокинони маҳаллӣ дар оғоз гумон карданд, ки онҳо муҳоҷирони ғайримусулмонанд. Аммо чун диданд, ки мусулмонанду намози шукр ба ҷо меоранд, муносибаташон куллан тағйир ёфт. Мардуми таҳҷоии ин сарзамин онҳоро бо меҳрубонӣ қабул намуда, мувофиқи имконоти худ барояшон ҷой доданд, бо кор таъмин карданд.

Онҳо солҳои зиёд дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Андиҷон зиндагӣ карда, баъди оғози бозсозӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ тадриҷан ба сарзамини аҷдодии худ баргаштанд.

Ман ҳангоми сафар борҳо меҳмоннавозии тоторҳоро эҳсос кардам. Онҳо моро ҳамчун ҳамватани худ қабул ва аксар вақт ҳатто бо як пиёла қаҳва меҳмон мекарданд. Дар суҳбатҳояшон Ӯзбекистонро бо муҳаббати беандоза ёд намуданд. Бисёриашон то ҳол забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикиро, ки солҳои зиндагӣ дар ин сарзамин омӯхтаанд, фаромӯш накардаанд.

Ҷолиб он буд, ки ҳангоми муаррифӣ худро «самарқандӣ», «тошкандӣ», «андиҷонӣ» ё «бекободӣ» меномиданд. Вақте аз Ӯзбекистон ёд мекунанд, баъзе пиронсолон, ҳатто ашк дар чашм, хотираҳои талхи муҳоҷират ва меҳрубонии мардуми моро нақл мекунанд.

Самимияти гуфтори онҳо дар қалбам ҳисси ифтихорро бедор мекард. Бо худ меандешидам, ки гузаштагони мо дар ҳифзи арзишҳои инсондӯстӣ ва дӯстӣ воқеан намунаи ибрат будаанд. Солҳои охир гурӯҳе аз тоторҳои Қрим Ӯзбекистони Нав омада, пешрафту ободиҳои «ватани дуюм»-и худро бо ифтихор тамошо карданд.

Мутаассифона, вақтҳои охир вазъи Қрим бар асари ҳамлаҳои низомӣ ноором гардидааст. Баъзе аз дӯстони тоторӣ бо таассуф мегуфтанд, ки тарки Ӯзбекистон шояд қарори дуруст набудааст. Ман қадри сулҳу суботи кишвари худро бештар дарк мекардам.

Ӯзбекистон дар ҳақиқат имрӯз сарзамини орому осудаест, ки намояндагони миллатҳои гуногун дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд.

Пас аз бозгашт ба Ватан, орзуи дидори дӯстони ҳамқалам маро ба Тоҷикистон бурд. Ин сафар ҳамзамон бо таҷлили Рӯзи байналмилалии дӯстӣ дар Ӯзбекистон мувофиқ афтод. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ташаббуси марказҳои миллӣ-фарҳангӣ чорабиниҳои идона баргузор шуда, аҳолии сермиллати мамлакат арзишҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳумро тараннум мекарданд.

Ман тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ»-и воқеъ дар ноҳияи Узун, вориди Тоҷикистон шудам. Гузаштан аз сарҳад бидуни мушкил анҷом гирифт. Агар ҳуҷҷатҳо дуруст бошанд, расмиёти гузариш вақти зиёдро намегирад. Барои пиронсолон ва беморон, ҳатто нақлиёти барқӣ муҳайё гардидааст.

Ҳама ёд доранд, ки замоне муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бахусус дар масъалаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, хеле печида буданд. Ин масъала солҳои зиёд ба муносибатҳои ду кишвар таъсири нохуш мерасонд. Аммо бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат ҳамаи ихтилофҳо тадриҷан бартараф гардиданд.

Имрӯз, пас аз тақрибан даҳ соли таҳкими муносибатҳои дӯстона, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамкории судманд доранд. Ин дӯстӣ намунаи воқеии ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобил мебошад.

Дар Тоҷикистон бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, инчунин бо адибон Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, Ато Мирхоҷа, Салими Зарафшонфар, Насимбеки Қурбонзода, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Сайидои Шарифӣ мулоқот доштам. Ҳамаи онҳо дӯстии мардумони тоҷику ӯзбекро сарвати бузурги маънавӣ шумурда, нақши роҳбарони ду давлатро дар таҳкими ин муносибатҳо баланд арзёбӣ карданд.

Дидор бо рӯзноманигор ва адиби хушқалам Марямбонуи Фарғонӣ низ аз хотираҳои фаромӯшнашаванда буд.

Пас аз бозгашт ба ноҳияи Бойсун дар чорабинии фарҳангии бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо иштирок кардам. Дар ин маҳфил нависанда Равшан Махсумзод низ ҳузур дошт.

Ӯ зимни суханронӣ таъкид кард, ки дӯстии самимии сарони ду давлат  таҷассуми дӯстии азалии халқҳои тоҷик ва ӯзбек мебошад.

Алъон, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзи дӯстии халқҳоро ҷашн мегирад, ҳар яки мо бояд ин неъмати гаронбаҳоро сидқидилона ҳифз намоем. Зеро дӯстӣ неъмати бузургест, ки сулҳу субот, пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардумро таъмин мекунад.

Бигзор парчами дӯстӣ ҳамеша парафшон бошад!

 

Шариф Халил,

узви Иттифоқи

нависандагони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: