Таи як моҳ аст, ки ҳамроҳи дӯсти соҳибкорам Обидҷон Нишонов аз вилояти Фарғона рафта, таътилро дар шаҳри Омск паси сар карда истодаем. Дар ҳаёти ман нахустин шиносоӣ бо халқи рус оғоз шуду чанд лаҳзаи ҳаёти ин халқро мушоҳида кардам.
Дар ин шаҳр чанд ҷиҳати ибратбахшро дидам ва баъзеаш писандам омад, ки ба хурдсолон бояд омӯзонид. Алалхусус, ҷараёни навбатпоӣ. Ҳамроҳи дӯстам тавассути мошин ба кӯчаҳои зебоманзари Завертяев, Амурский ва дигар манзилҳо сафар мекардем. Аз кӯчаҳои дуюмдараҷа ба кӯчаҳои асосӣ баромаданӣ шавем, ҳатман чароғаки мошинро гирон мекунанду роҳ медиҳанд. Ба назарам ягон кас асабонӣ намешавад ва мошин идора мекунад. Амал ба қоидаҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва аз вақт самаранок истифода карданро афзал медонистаанд. Ҳама бо ҳамдигар ҳамин тавр муносибат мекунанд, ки ибратбахш асту ҳаваси кас меояд. Боз аҷибтар ҳодисаро дар мағозаҳо гувоҳ шудем, ки зиёда аз 15 кас маҳсулоти дилхоҳашро харид карда бошад ҳам, ба касса як қатор меистанд. Як дона собун харид кунанд ҳам, навбатро интизор мешаванд. Навбатвайронкунӣ дида намешавад. Пиру ҷавон ба қонуни нонавишта амал мекунанд. Ин ҷараён дар ҳудуди Омск ба ҳукми анъана даромада, ҳама риоя мекунанд.
Мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо мо вақти аз сарҳади гумрукӣ гузаштан ё дигар ҳолатҳои навбатпоӣ ҳар хел баҳона оварда, навбатро вайрон мекунем. Ҳурмати худу дигаронро шинохтан ҳам ба ҷомеа зеб мебахшидааст, азизон!
Ҳ. Раҳматов,
шаҳри Омск. Русия.