ФИФА нисбат ба тими миллии Аргентина тафтиши интизомӣ оғоз кард

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нисбат ба Федератсияи футболи Аргентина расман парвандаи интизомӣ боз намуд.

Ба иттилои ФИФА, тафтиш вобаста ба як қатор ҳодисаҳои рухдода пас аз бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оғоз гардидааст.

Аз ҷумла, мавридҳои зерин мавриди баррасӣ қарор доранд:

- намоиши баннер дар бораи ҷазираҳои Малвин (Фолкленд);
- садо додани шиорҳо ва суханони дорои хусусияти табъизу нажодпарастӣ;
- ба майдон партофтани ашёи гуногун аз ҷониби мухлисон;
- ҳамла ба футболбозони тими миллии Испания пас аз анҷоми бозии финалӣ.


ФИФА таъкид кардааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад. Пас аз анҷоми тафтишот, вобаста ба натиҷаҳои он нисбат ба Федератсияи футболи Аргентина метавонад чораҳои интизомӣ андешида шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: