Ӯзбекистон мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол байни наврасони то 17-сола дар соли 2027 мегардад

Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) кишварҳои мизбони мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои ҷавонон ва наврасонро барои солҳои 2027–2029 муайян намуд.

Дар ҷаласаи имрӯз дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузоргардида қарор қабул шуд, ки ҳуқуқи баргузории Ҷоми Осиё байни наврасони то 17-сола (U-17) дар соли 2027 ба Ӯзбекистон дода шавад.

Ҳамчунин мизбонони дигар мусобиқаҳои қоравӣ муайян гардиданд:

Ҷоми Осиё U-17 (2027) - Ӯзбекистон;

Ҷоми Осиё U-23 (2028) - Ҷопон (ҳамзамон мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес);

Ҷоми Осиё U-17 (2029) - Арабистони Саудӣ.

Илова бар ин, Кумитаи иҷроияи AFC формати нави Лигаи қаҳрамонони элитаи Осиёро тасдиқ намуд. Аз мавсими солҳои 2026–2027 дар ин мусобиқа 32 даста иштирок хоҳанд кард.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: