«Сармоягузории бузургтарин ба оянда сармоягузорӣ ба маориф аст». Ин андешаи Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии кишвар табдил ёфтааст. Солҳои охир дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла, вилояти Навоӣ, барои рушди соҳаи маориф, тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои байналмилалӣ имкониятҳои бесобиқа фароҳам оварда шудаанд. Самараи чунин сиёсати дурандешона имрӯз дар дастовардҳои фарзандони кишвар баръало эҳсос мешавад.
Яке аз чунин дастовардҳои ифтихорофар пирӯзии хонандаи синфи 11-уми мактаби ихтисосёфтаи шаҳри Навоӣ Ҷасурбек Мустафоев мебошад, ки дар 58-умин Олимпиадаи байналмилалии кимиё (IchO-2026) соҳиби медали нуқра гардид.
Ин муваффақият далели он аст, ки низоми таълими халқи Ӯзбекистон бо қадамҳои устувор ба сатҳи байналмилалӣ баромада истодааст. Бори аввал дар таърихи кишвар мизбонии Олимпиадаи байналмилалии кимиё ба Ӯзбекистон вогузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ қариб 1000 нафар толибилмони боистеъдод аз 94 давлати ҷаҳон иштирок намуда, дар озмунҳои назариявӣ ва амалӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.
Дар чунин рақобати шадид ба даст овардани медали нуқра кори саҳлу сода нест. Ин натиҷаи солҳои зиёд омӯзиш, заҳмати пайваста, шабҳои бедорхобӣ ва меҳнати дастаҷамъонаи толибилм, омӯзгор ва волидайн мебошад.
Сарвари давлат таъкид кардааст: «Агар мо хоҳем, ки Ӯзбекистони Навро бунёд намоем, пеш аз ҳама бояд ҷавонони донишманд, дорои тафаккури нав ва ҷаҳонбинии васеъ тарбия кунем». Ин суханон имрӯз дар симои Ҷасурбек Мустафоев таҷассуми воқеии худро пайдо кардааст. Ӯ бо дониш ва қобилияти худ исбот намуд, ки ҷавонони вилояти Навоӣ метавонанд бо беҳтарин хонандагони ҷаҳон рақобати арзанда дошта бошанд.
Кимиё яке аз фанҳои калидии рушди саноат, тиб, экология ва технологияҳои муосир маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дастовард дар ин самт танҳо як пирӯзии таълимӣ нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи иқтисодӣ ва илмии кишвар мебошад. Давлате, ки имрӯз ба рушди илм сармоя мегузорад, фардо дар сафи пеши кишварҳои пешрафта қарор хоҳад гирифт.
Дар солҳои охир дар вилояти Навоӣ ба рушди фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Мактабҳои ихтисосёфта, синфхонаҳои замонавӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳаз ва барномаҳои омодасозии толибилмон барои олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Дастоварди Ҷасурбек Мустафоев идомаи ҳамин сиёсати оқилона мебошад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Илм беҳтарин мерос ва дониш беҳтарин сарват аст».
Воқеан, сарват метавонад аз байн равад, аммо дониш ҳамеша инсонро ба қуллаҳои нав мебарад. Имрӯз номи Ҷасурбек Мустафоев ва устодаш, омӯзгори тоифаи олӣ – Сардор Самадов барои ҳазорон толибилм ва омӯзгорони дигар намунаи ибрат гардид. Самараи дурахшони меҳнату садоқати Сардор Самадов дар он зоҳир мегардад, ки чандин нсли шогирдони ӯ соҳиби ҷоизаҳои байналмилалии кимиё шудаанд.
Аз ҷумла соли 2022 дар 54-умин Олимпиадаи байналмилалии кимиё толибилми боистеъдод Шерзод Шайматов соҳиби медали нуқра ва соли 2024 дар 56-умин Олимпиадаи байналмилалии кимиё Саида Абдуллоева низ соҳиби медали нуқра гардида, меҳнати устодашонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.
Сардор Самадов натанҳо барандагони ҷоизаҳои Олимпиадаи байналмилалии кимиёро тарбия намудааст, балки ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи байналмилалии Менделеев ва Олимпиадаи байналмилалии Абурайҳони Беруниро низ ба камол расонида, дар муаррифии иқтидори илми Ӯзбекистон дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.
Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 сентябри соли 2024 барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии бонуфуз ва омӯзгорони онҳо низоми ҳавасмандгардонии бесобиқа ҷорӣ гардидааст. Аз ҷумла, барои соҳибони медали нуқра 618 миллион сӯм, барои омӯзгори омодакунандаи онҳо 103 миллион сӯм мукофот пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дараҷаи тахассусии омӯзгор як зина боло бурда мешавад.
Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки давлат на танҳо натиҷа, қадр мекунад, балки меҳнати омӯзгорро низ баҳои баланд медиҳанд. Зеро пушти ҳар як медали байналмилалӣ заҳмати чандинсолаи устод, дастгирии оила ва меҳнати пайвастаи хонанда қарор дорад. Раёсати томактабӣ ва таҳсилоти мактабии вилояти Навоӣ ғолиби олимпиадаро самимона табрик намуда, ба устодон ва падару модари ӯ барои тарбияи чунин фарзанди соҳибистеъдод изҳори сипос кардааст.
Имрӯз барои ҷавонони Ӯзбекистон тамоми шароит муҳайё аст. Агар истеъдод бо меҳнат, омӯзгор бо масъулият ва давлат бо дастгирӣ ҳамқадам бошанд, чунин дастовардҳо боз ҳам бештар хоҳанд шуд.
Медали нуқраи Ҷасурбек Мустафоев дар асл арзиши тилло дорад. Зеро он рамзи эътимод ба неруи зеҳнии ҷавонони кишвар, самараи сиёсати давлатии рушди таълим ва нишонаи он аст, ки Ӯзбекистони Нав роҳи дурусти худро интихоб кардааст. Боварии комил дорем, ки ин ҷавони соҳибистеъдод дар оянда низ бо кашфиётҳои илмии худ номи вилояти Навоӣ ва Ӯзбекистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар хоҳад бардошт. Ҳар як чунин пирӯзӣ моро ба ҳадафи бузург – бунёди ҷомеаи маърифатпарвар, рақобатпазир ва пешрафта – як қадам наздиктар мегардонад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти Навоӣ.