Табиат мекунад моро табобат

Барои тоза кардани бандҳо

5 грамм барги ғор (лавр)-ро дар 300 мл об 10 дақиқа ҷӯшонида, баъд аз сардтар шуданаш, то шом кам-кам менӯшанд. Ин амал се рӯз иҷро карда мешавад ва дар ҳар се моҳ такрор намудани он бандҳои дасту поро тоза менамояд.

Ҳангоми варами бандҳо

Дар замонҳои қадим юнониён шарбати барги салатро барои муолиҷаи варами буғумҳо истифода бурдаанд. Нӯшобаҳое, ки аз тухми он омода мешуд, ба модарони кӯдакдор барои зиёд кардани шири модар тавсия дода мешуданд.

Дар варикоз

Ҳангоми варикоз дар рӯйи дока як қабат асал молида, онро ба ҷойи васеъшудаи рагҳо гузоред. Болояшро бо плёнкаи полиэтиленӣ баста, дока печонед. Ин тарбандиро рӯзи якум 2 соат, рӯзҳои дуюму сеюм 4 соат, баъдан тамоми шаб гузоред. Асал воситаи зиддимикробӣ ва зиддиилтиҳобӣ мебошад, ки барои шифо ёфтани захмҳои варикоз  кумак мерасонад.

Ҳангоми васваса ва тарс

Дорчин (корица) васваса ва тарсро аз байн мебарад.

Ҳангоми васеъ шудани рагҳо (варикози рагҳо)

Дар шарбати картошка пахтаро тар карда, дар як рӯз 2-3 маротиба ҷойҳои осебдидаро пок кунед. Ҳамзамон, пеш аз наҳорӣ ва хоб тӯли 5-6 рӯз нӯшидани шарбати картошка, ки бо оби ҷӯшидаи хунукшуда (ба миқдори баробари шарбат) омехта шудааст, тавсия дода мешавад.

Барои мустаҳкам кардани рагҳои хунгард ва артерия

Ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ ва барои мустаҳкам кардани рагҳои хун (вена ва артерия), шарбати сабзӣ ва ҷаъфариро ба ҳам омехта, рӯзе се маротиба – ҳангоми хӯрокхӯрӣ як қошуқи ош нӯшидан муфид аст.

Барои рондани вирусҳо

Баргҳои тамашк (малина) ҳамчун воситаи зиддиилтиҳобӣ, барои хориҷ кардани вирусҳо ва паст намудани миқдори қанди хун фоидаовар мебошад.

Барои ин, ба як пиёла оби ҷӯш як қошуқи ош барги тамашк андохта, як соат дам медиҳанд ва рӯзе се маротиба нӯшидан мумкин аст.

Ҳангоми норасоии витаминҳо

Навдаҳои ревоҷ (чукрӣ)-ро тоза шуста, пӯсташро тоза мекунанд ва ба андозаи 1-1,5 см дар шакли чоркунҷа пора менамоянд. Як банд пиёзи сабз, ду банд шалғамча ва ним банд шибитро низ майда реза мекунанд. Ҳамаи онҳоро ба як зарф андохта, мувофиқи табъ намак ва як пиёла қаймоқ илова карда, омехта менамоянд.

Чунин хӯриш барои кӯдакон хеле фоидаовар аст: иштиҳои онҳоро мекушояд ва организмро бо витаминҳои зарурӣ таъмин мекунад. Агар занони кӯдакдор онро истеъмол намоянд, миқдори шир зиёд мешавад.

Барои нест кардани газандаҳо

Агар ҳазориспандро сӯзонда, ба гӯшаҳои хона ва фарш пошанд, ҳар гуна ҳашарот ба хона намеоянд. Ҳашароте, ки ҳаст, аз хона меравад.

(Давом дорад).

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
             А.РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: