Бошгоҳи футболи «Реал Мадрид» дар равзанаи трансферии тобистонаи соли 2026 аз фурӯши як қатор бозигаронаш беш аз 146 миллион евро даромад ба даст овард.
Бузургтарин муомилаҳои анҷомдодаи бошгоҳ чунинанд:
- Нико Пас — ба «Комо» (60 миллион евро);
- Виктор Мунйос — ба «Ливерпул» (20 миллион евро);
- Марио Гила — ба «Милан» (15 миллион евро);
- Алваро — ба «Борнмут» (15 миллион евро);
- Рафа Ортега — ба «Страсбург» (8 миллион евро);
- Валдепеняс — ба «Фиорентина» (8 миллион евро);
- Хименес — ба «Борнмут» (12,5 миллион евро);
- Мартин — ба «Хетафе» (3,5 миллион евро);
- Фран — ба «Бетис» (4 миллион евро).
Ҳамин тариқ, «Реал Мадрид» аз фурӯши бозигарон дар мавсими тобистонаи имсола беш аз 146 миллион евро маблағ ба даст овард. Ин даромад ба бошгоҳи шоҳона имкон медиҳад, ки ҳайати худро боз ҳам тақвият бахшида, барои анҷом додани трансферҳои нав имкониятҳои молиявии бештар фароҳам оварад.