Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асари паҳншавии «бемории легионерҳо» (легионеллёз) боз як нафар ҷон бохт. Бо ин, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ба шаш нафар расид. Дар ин бора роҳбари Департаменти тандурустии шаҳри Ню-Йорк доктор Алистер Мартин иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти Департаменти тандурустӣ, то имрӯз 90 ҳолати гирифторшавӣ ба легионеллёз ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 65 нафар пас аз муолиҷа аз беморхона рухсат шудаанд, 6 бемор ҳанӯз таҳти табобат қарор доранд. Ҳамзамон масъулон таъкид мекунанд, ки дар зиёда аз даҳ рӯзи охир ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Легионеллёз бемории сироятии хатарнокест, ки онро бактерияи Legionella pneumophila ба вуҷуд меорад. Ин бактерия дар обанборҳои табиӣ ва хок мавҷуд буда, бештар тавассути низомҳои сунъии обтаъминкунӣ, аз қабили манораҳои хунуккунанда, ҳавзҳои обгарм ва шабакаҳои обрасонӣ паҳн мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, ин беморӣ аз инсон ба инсон намегузарад.
Бемории легионеллёз бори аввал соли 1976 дар шаҳри Филаделфияи ИМА, пас аз гирифтор шудани иштирокчиёни анҷумани созмони собиқадорони «Легиони Амрико», ошкор гардид. Ҳангоми ворид шудани бактерия ба роҳҳои нафас, дар оғоз нишонаҳои ба зуком монанд пайдо мешаванд, аммо дар сурати сари вақт табобат нагирифтан, он метавонад ба илтиҳоби шадиди шуш оварда расонад.