Мухлиса Машарипова қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон гардид

Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини варзишӣ миёни варзишгарони то 17-сола идома дорад.

Рӯзи навбатии мусобиқа барои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бобарор анҷом ёфт.

Дар вазни то 43 кило намояндаи мунтахаби кишвар Мухлиса Машарипова дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Олмон Фине Штраух пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Медали тилло:

43 кг — Мухлиса Машарипова

Имрӯз дар даври интихобии гӯштини тарзи озод боз панҷ намояндаи дигари мунтахаби Ӯзбекистон рақобатро оғоз мекунанд.

Ҳамчунин, варзишгар Сабрина Абдреимова дар марҳилаи тасаллобахш барои ба даст овардани медали биринҷӣ мубориза мебарад.

Мубориза барои медали биринҷӣ:

53 кг — Сабрина Абдреимова / Мадалина Павел (Руминия) — Валерия Станчева (Булғористон).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: