Рустам Саъдуллаев бо ҷоизаи байналмилалии «Ҳаёт дар синамо» дар кинофестивали "Дарвозаҳои Ғарб"сарфароз гардид

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Саъдуллаев бо ҷоизаи фахрии байналмилалии «Ҳаёт дар синамо» қадрдонӣ шуд.

Ин ҷоиза дар ҷараёни Фестивали VII байналмилалии синамои «Дарвозаҳои Ғарб», ки дар шаҳри Пскови Федератсияи Русия баргузор гардид, ба ӯ супурда шуд.

Ҳамзамон, ҳунарпешаи маъруф ба ҳайати доварони байналмилалии барномаи озмунӣ низ шомил буд.

Ин ҷоиза нишони эътирофи фаъолияти чандинсолаи эҷодӣ, саҳми арзандаи Рустам Саъдуллаев дар рушди санъати миллии синамо ва баланд бардоштани нуфузи кинематографияи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: