Дар ИМА боздошти муҳоҷирон дар фурудгоҳҳо ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст

Кормандони Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки Иёлоти Муттаҳида (ICE) боздошти шаҳрвандони хориҷиро, ки муҳлати будубоши қонунии онҳо ба анҷом расидааст, мустақиман дар фурудгоҳҳо ба таври густарда оғоз кардаанд.

 Ба иттилои рӯзномаи The New York Times, дар байни боздоштшудагон ҳамсарони шаҳрвандони ИМА низ ҳастанд.
Ба навиштаи нашрия, кормандони ICE барои ҷалб накардани таваҷҷуҳ бо либоси мулкӣ фаъолият мекунанд. Онҳо дар навбатҳои бақайдгирии мусофирон ва инчунин дар нуқтаҳои баромади мусофирони воридшуда ҳузур дошта, шаҳрвандони хориҷиеро, ки муҳлати визаашон гузаштааст, муайян ва боздошт мекунанд.
Тибқи маълумоти The New York Times, танҳо дар ҳафтаҳои охир чунин амалиётҳо дар ҳадди ақал 15 фурудгоҳи ИМА баргузор шудаанд. Дар баъзе мавридҳо боздоштҳо орому бидуни сару садо анҷом ёфтаанд, аммо дар ҳолатҳои дигар миёни мусофирон нофаҳмиҳо ба миён омада, наворҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд.
Гуфта мешавад, маълумот барои муайян кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Идораи амнияти нақлиёт (TSA) ба ICE пешниҳод мегардад. Худи TSA бошад, ин маълумотро аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дарёфт мекунад.
Нашрия таъкид мекунад, ки ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир ва меҳмонони хориҷӣ муҳлати иҷозатномаи будубоши худро дар ИМА риоя намекунанд. Бархе аз онҳо дар интизори тамдиди виза, гирифтани «грин-корт» ё иҷозатномаи кор қарор доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: