Бино ба иттилои Ӯзгидромет, 1 август дар саросари кишвар ҳавои гарму хушк ҳукмфармо хоҳад буд. Дар аксари минтақаҳо боришот пешбинӣ нашуда, дар баъзе ноҳияҳо шамоли сахт бо чангу ғубор ба амал омаданаш мумкин аст.
Шаҳри Тошканд: Ҳавои камабру бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 24+26°, рӯзона 38+40° гарм.
Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм: Ҳаво камабр, бебориш хоҳад буд. Шамол аз шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат: шабона 22+27°, рӯзона 35+40° гарм.
Вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ: Осмон камабр буда, боришот пешбинӣ намешавад. Шамол аз шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония вазида, дар баъзе мавзеъҳо то 13–18 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат: шабона 22+27°, дар баъзе ноҳияҳои биёбон то 30+33°, рӯзона 38+43° гарм.
Вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах ва Сирдарё: Ҳаво камабр ва бебориш мешавад. Шамол аз шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр дар як сония пурзӯр мешавад. Ҳарорат: шабона 22+27°, рӯзона 36+41°гарм.
Вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё: Осмон камабр, боришот дар назар нест. Шамол аз шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония вазида, дар баъзе мавзеъҳо то 13–18 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат: шабона 22+27°, рӯзона 38+43°гарм.
Вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона: Ҳаво камабр ва бебориш мешавад. Шамол аз шарқ бо суръати 5–10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат: шабона 22+27°, рӯзона 36–41° гарм.
Минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон: Ҳаво камабр буда, боришот пешбинӣ намешавад. Шамол аз шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр дар як сония шиддат гирифтанаш мумкин аст. Ҳарорат: шабона 15+20°, рӯзона 28+33° гарм хоҳад буд.