Аз аввали соли 2026 то имрӯз дар шаҳри Тошканд нисбат ба 79 ҳазору 618 мусофире, ки дар автобусҳо бидуни пардохти роҳкиро сафар кардаанд, чораҳои маъмурӣ андешида шудааст. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба қонуншиканон тибқи қисми 5-и моддаи 144-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ (сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни чипта) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Бар асоси қонун, ҳар як мусофири қонуншикан ба маблағи 41 ҳазору 200 сӯм (баробар ба даҳяки андозаи ҳисобии базавӣ) ҷарима шудааст.
Дар натиҷа, маблағи умумии ҷаримаҳои аз мусофирони бе чипта ситонидашуда аз аввали соли ҷорӣ то кунун қариб 2 миллиард сӯм-ро ташкил додааст.
Вазорати нақлиёт аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки роҳкироро сари вақт пардохт намоянд, зеро ба гуфтаи вазорат, «пардохти саривақтии роҳкиро аз пардохти ҷарима судмандтар аст.»